ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ширкат, бо мақсади қонеъ намудани талаботи мардум ба интиқолоти ҳавоии самти шимоли кишвар, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро дар масири Душанбе-Хуҷанд-Душанбе аз сар мегирад.
Ба иттилои манбаъ, иҷрои парвозҳо аз Душанбе ба Хуҷанд санаи 29-уми ноябр шурӯъ мегардад.
Манбаъ мегӯяд, интизор меравад минбаъд парвозҳо ҳафтае ду маротиба дар ин самт амалӣ гардад.
“Тибқи талабот кулли мусофирон дар толори фурудгоҳ ва дар ҷараёни парвоз бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд”,-афзудааст, манбаъ.
Ин ширкат таъкид кардааст, ки мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба нуқтаи бақайдгирии мусофирон ва дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.
“Меъёри интиқоли ройгони бағоҷ 20 кг (эконом-класс) ва бори дастӣ 7 кг муқаррар шудааст”,-гуфтааст, дафтари матбуотии ширкат.
Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад
Гуфта мешавад, хоҳишмандони сафар чиптаҳоро дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ метавонанд ба даст оваранд.
Тибқи нишондоди сомонаи ширкат нархи сафар барои як тараф 42 евро эълон шудааст.