Рустами Эмомалӣ аз интиқоли донишҷӯёну парвозҳо: шарҳи пурраи гуфтушунид - видео

Обуна шудан
Расонаҳои Тоҷикистон мулоқоти пурраи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия шарҳ доданд. Бино бар иттилои манобеъ, дар ин гуфтушунид маҷмӯи масъалаҳои зиёди ҳамкорӣ, аз муҳоҷират то фарҳанг баррасӣ шуданд

Бино бар гузориши телевизиони "Тоҷикистон", ҳайъатҳои расмии Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Русия дар ҳайъати васеъ мулоқот карданд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба раиси Шӯрои Русия Валентина Матвиенко изҳори сипос кард.

Рустам Эмомали прибыл с визитом в Москву - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикона: саломи бехатари Рустами Эмомалӣ дар Маскав

Ҷонибҳо муҳимияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия имрӯзҳо дар ҳама самтҳо муттасил рушд ёфта, робитаҳои байни парламентӣ мунтазам ба самти сифатан нав мегузаранд.

Бо арзи адаб: Рустами Эмомалӣ Валентина Матвиенкоро ба Тоҷикистон даъват кард

Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои умда, аз ҷумла ҷанбаи масъалаҳои иқтисодии ҳамкориҳои дуҷониба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷӯҳи доимии ҷонибҳоро тақозо менамояд, баррасӣ гардид.

Иқтисод: таъсиси корхонаҳои Русия дар Тоҷикистон ва ҷалби технологияи русӣ

Дар ин ҷода зарурати бештари нуфузи механизми комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъсиси муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пештарафтаи русиягӣ дар бахшҳои гуногуни саноати Тоҷикистон ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр қайд гардид.

Зимни мулоқоти дуҷониба инчунин масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муҳоҷират: соддагардонии гирифтани патент, афви такрорӣ ва барқарор кардани хатсайрҳои мунтазам

Зимнан, аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи муҳоҷирон, аз ҷумла соддагардонии тартиби бақайдгирифтан ва гирифтани патент, баррасӣ намудани имконияти афви такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам миёни ду давлат ишора гардид.

"Маскав бароят шаҳри бегона нест": пазироии Матвиенко аз Рустами Эмомалӣ- навор

Ҳамкориҳои ҳарбӣ, фарҳангӣ ва башардӯстӣ

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи минтақа ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои самаранокро дар бахши амният, инчунин амалисозии созишномаҳоро оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ афзалиятнок шумориданд. 

Ҳамзамон ба ҳамкориҳои самти фарҳангиву башардӯстӣ, аз ҷумла соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.

Қобили зикр аст, ки алҳол дар муассисаҳои олии федератсияи Русия қариб 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мегиранд. Зимни мулоқоти ҳамтоён, масъалаи ҷиҳати идома додани таҳсил ба федератсияи Русия  бозгаштани донишҷӯёни тоҷик, ки бино бар маҳдудиятҳои пандемия ба машғулиятҳо ҳозир нашуданд, баррасӣ карда шуд. 

Рустами Эмомалӣ: Тоҷикистону Русия иқтидори иқтисодиро ба таври кофӣ истифода намекунанд

Лентаи хабарҳо
0