ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои интиқол, насб ва ба истифодаи таҷҳизот барои навсозии системаи назорат ва огоҳии пешакӣ кӯли Сарез дар Тоҷикистон шартнома ба имзо расонид, иттилоъ додааст намояндагии Бонки Рушди Осиё (БОР) дар Тоҷикистон.
Таъкид шудааст, ки шартнома қисми Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ мебошад, ки аз ҷониби гранти БОР ба маблағи 10 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад.
Шартнома ба маблағи 750 ҳазор доллар бо ширкати “Group Limited Liability Partnership”-и Қазоқистон, ки дар натиҷаи озмуни кушоди БОР интихоб гардидааст, имзо шуд.
Таъкид шудааст, ки таҷҳизоти нави назорат ва огоҳкунии барвақт аз дастгоҳҳои GPS, акселерометрҳои қавиҳаракат, санҷандаҳои (датчики) фишори зериобӣ, бесарнишин, радио, телефонҳои моҳворавӣ, истгоҳҳои обу ҳавои автомобилӣ, истгоҳҳои гидрологӣ, истгоҳҳои гидрометрӣ ва ғайра иборатанд.
Кӯли Сарез дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин кӯл соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи шадид, ки ярчҳои азимеро ба амал овард ва дарёи Мурғобро баст, ба вуҷуд омадааст. Дарозии кӯл зиёда аз 60 км, чуқуриаш 500 м буда, тақрибан 17 километри мукааб об дорад. Минтақаи кӯл зери фаъолнокии назарраси сейсмикӣ қарор дорад, ки он назорати кӯлро талаб мекунад.
БОР моҳи сентябри соли 2018 Лоиҳаи идораи хатари офатҳои табииро барои кумак ба Тоҷикистон дар омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ ва тағирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ ба одамон тасдиқ кард. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иҷрокунандаи ин лоиҳа мебошад.