Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

© акс аз саҳифаи фейсбукии Музаффар ИмомдодМактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон
Мактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро, ки қаблан навори ҳоли бади он мавриди шарҳборон дар интернет қарор гирифт, аз нав бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, ки навори ин мактабро дар интернет нашр кард гуфт, пас аз нашри навор як нафар тамос гирифтаву хостори бунёди мактаби нав дар ин макон шудааст.

Мактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон - Sputnik Тоҷикистон
“Маблағгузорӣ мушкил, мардум кумак кунад”: вокуниши Ҳукумат ба навори мактаби куҳна-видео

Ӯ бидуни ифшои номи хайрхоҳе гуфтааст, пас аз нашри навор ӯ ба наздашон омадаву хостори бунёди мактаби нав шудааст.

Музаффари Имомдод, мегӯяд бо дарёфти чунин таклиф ба раҳбарияти ВМКБ пешниҳод кард, ки ӯ дар мариди худ онро хуш пазируфт ва ба масъулини минтақавӣ дастур дод, то ҳуҷҷатҳои заруриро фавран омода созанд.

Ба навиштаи ӯ ҳуҷҷатҳо дар ҳоли ҳозир пурра омода буда, корҳо аллакай оғоз шудаанд.

Номбурда таъкид кардааст, ки умедворам, таҷрибаи мо барои минтақаҳои дигари кишварамон дарси ибрат хоҳад шуд, ки дар он ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати мардуми худ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем навори мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, нашр кард, ки он ҷавобгӯи талаботҳои имрӯз нест.

Дар пайи нашри навор ҳукумати ВМКБ, посух дода, гуфта буд, маблағгузории чунин макотиб мушкил буда, хуб мешуд, ки мардум кумак кунанд.

Ҳукумат гуфт, азнавсозии мактабҳои калон дар навбати аввал қарор дошта, таъмири мактабҳои хурд вақт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0