COVID-19 дар Хуҷанд кам шудааст: Бемористони № 2 баъди 7 моҳ ба реҷаи муқаррарӣ баргашт

© Sputnik Городская больница № 2 Худжанд
Городская больница № 2 Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бемористони шаҳрии № 2-и Хуҷанд, ки барои табобати беморони илтиҳоби шадиди роҳи нафас ва “вируси карона” муқаррар шуда буд, баъди ҳафт моҳ ба реҷаи маъмулӣ баргаштааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Зиёда Салимова, ҷонишини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, бемористони № 2 аз моҳи апрел, шурӯъ аз замоне, ки дар кишвар нахустин мавриди бемории каронавирус сабт гардид ба реҷаи карантинӣ гузашта буд.

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфтааст - Sputnik Тоҷикистон
Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон: беҳбудӣ ё баръакс

“Аз моҳи апрел то аввали моҳи июн ба қабул ва табобати беморони илтиҳоби шадиди роҳи нафас ва COVID-19 машғул будем. Дар ин муддат 327 нафар чунин беморон ба табобат фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора танҳо 13 нафар, ки ҳамагӣ 7-9 % и беморонро ташкил мекунад аз ҳисоби доштани бемориҳои ҳамрав аз ҷумла марази қалб ва қанд фавтиданд, боқимонда ҳама шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат шуданд”, - гуфт Салимова.

Ҷонишини сартабиб афзуд, шурӯъ аз моҳи июн то аввали моҳи сентябр, онҳо дар ин Бемористон ба қабул ва қарантинкунии муҳоҷирон ва ё онҳое, ки аз хориҷа ба кишвар ворид мешуданд, машғул буданд. Тӯли ин муддат ҳудуди 400 нафар барои ду ҳафтаи тақвимӣ таҳти муроқибати табибон дар ин бемористон нигаҳдорӣ мешуданд.

Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко и глава палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷиру пулу гӯшаи тоҷикон: натиҷаҳои нахустсафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав

Зиёда Салимова таъкид намуд, ки дар ин давра ташхиси 14 нафар аз шумори умумии қарантиншуда ба бемории COVID-19 мусбат арзёбӣ шуда, онҳо барои табобат ба Бемористони сироятии вилояти Суғд, воқеъ дар маҳаллаи 13-уми Хуҷанд интиқол дода шудаанд.

Масъулони Бемористони № 2-и Хуҷанд мегӯянд, ҳоло шумори сироятёбии сокинон ба “вируси карона” ба маротиб коҳиш ёфтааст. Табибони Хуҷанд, ин нуктаро аз коҳишёбии шумори муроҷиатҳо ва мавридҳои баландшавии табъи сокинон арзёбӣ мекунанд.

Дар шаҳри Хуҷанд Бемористони клиникавии Суғд ва Бемористони сироятии Суғд ба табобати беморони каронавирус машғул буда, дар ин ду бемористон табибон аз ҳар бемористон ва дармонгоҳҳои ҳудуди Хуҷанд ҷалб карда мешуданд.

Билл Гейтс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии Билл Гейтс: ҷаҳонро пандемияи нав фаро мегирад

Ҳоло бо гузашти инак ҳафт моҳ аз хуруҷи бемории COVID-19, шиддати ин беморӣ кам шудааст ва аксар табибоне, ки дар ин бемористон ҷалб мешуданд ба кори маъмулии худ баргаштаанд.

Зиёда Салимова зикр намуд, ки шурӯъ аз нимаи моҳи ноябр, онҳо ба қабули беморони маъмулӣ ба реҷаи пештараи кори худ баргаштаанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шоми 25 ноябр аз 37 ҳодисаи нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар дод. Дар маҷмуъ аз оғози нахустин ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон, то ҳол 12 ҳазору 8 нафар ба қайд гирифта шуд.  

Киҳо такроран мубталои коронавирус мешаванд? ҷавоби пизишк

Тибқи иттилои расмӣ, то имрӯз аз ин беморӣ 11 ҳазору 395 ё 94,9 % и беморон шифо ёфта, 86 нафар фавтидаанд.

Лентаи хабарҳо
0