Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пешгӯии Билл Гейтс: ҷаҳонро пандемияи нав фаро мегирад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкБилл Гейтс, архивное фото
Билл Гейтс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Миллиардери машҳур Билл Гейтс аз эҳтимоли ҳамагирии нави сартосарӣ дар ҷаҳон ҳушдор дод. Ӯ гуфт аз ҳамагирии кунунӣ бояд сабақ гирифт

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Асосгузори Microsoft, Билл Гейтс аз пайдоиши пандемияи нав дар ҷаҳон пас аз 20 сол огоҳӣ дод.

Ин фарзияро миллиардер дар подкасте, ки бо ҳунарпеша Рашида Ҷонс ва сармутахассиси бемориҳои сироятии ИМА, Энтони Фаучи сабт кардааст, гуфт.

Люди в медицинских масках идут по улице  - Sputnik Тоҷикистон
Пизишк хатарноктарин паҳнкунандагони коронавирусро гуфт

Дар ин барнома онҳо ҳамагирии коронавирус ва тағйироте, ки COVID-19 ба амал овард, муҳокима карданд.

Ҳангоми сӯҳбат, Ҷонс аз ӯ пурсид, ки оё пандемияи нав ҳатман инсониятро фаро мегирад.

"Бале. Ва мо хушбахт хоҳем буд, агар ин кор дар тӯли бист сол рӯй диҳад", - гуфт Гейтс ва шарҳ дод, ки эҳтимоли сенарияи дигар аст, ки пандемия метавонад хеле пештар - пас аз се сол ба амал ояд, менависад РИА Новости.

Муҳамадиев аз хатари асосии мавҷи дуввуми коронавирус барои Тоҷикистон гуфт

Чуноне бунёдгузори Microsoft қайд кард, инсоният барои пандемияи оянда бештар омода хоҳад буд. Ба гуфти ӯ, то он замон алгоритми муайян коркард хоҳад шуд ва зимни оғози ҳамагирӣ карантин ҷорӣ мешавад ва низоми тестгузаронии сироятшудагон хубтар ба роҳ монда мешавад.

СҶБ: Аврупоро мавҷи сеюми коронавирус дар аввали соли 2021 таҳдид мекунад

"Бори дуввум мо чунин беақл нахоҳем буд", - хулоса кард ӯ.

Ӯ таъкид кард, ки ҳамагирии оянда бо талафоти камтар дар пай хоҳад дошт, агар инсоният аз ин пандемия дарс бигирад.

Пештар Созмони ҷаҳонии беҳдошт инсониятро барои омодагӣ ба пандемияи нав даъват карда буд. Дар баробари ин созмон қайд кард, ки бархе аз кишварҳо бо инфрасохтори омода барои ҳолатҳои фавқуллода тавонистанд дарҳол барои пешгирии коронавирус чораандешӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0