Пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти кишварҳо таҳдид мекунад. Инро таҳлил карда, иқтисоддонҳо афзоиши сатҳи камбизоатиро дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ пешгӯӣ мекунанд.
Дар ин робита, Sputnik Тоҷикистон маълумотҳоро дар тӯли 30 соли ахир ҷамъ овард, то нишон диҳад, ки чи гуна омилҳои асосии иқтисодӣ ва сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ тағир ёфтааст.
Аз ҷумла, аз соли 1995 инҷониб Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиши ММД-ро ба ҳар сари аҳолӣ нишон додааст: то соли 2015 ин рақам ба 921 доллар афзоиш ёфт.
Ятимӣ, зангирӣ бо қарз, кулбаи бедар ва духонагии Президент: саргузашти Муҳаммад-видео
Инчунин, қабл аз пандемия, Тоҷикистон музди миёнаи меҳнатро афзоиш дод, аммо дар соли 2020 пардохтҳои миёнаи моҳона бинобар ихтисори кормандон ва аз ҳисоби коронавирус коҳиш ёфтанд.
Фоизи камбизоатон дар кишвар ҳар сол коҳиш меёбад: дар тӯли 10 сол шумораи онҳо 10% коҳиш ёфт.
Агар вазъро дар минтақаҳо ба назар гирем, пас вазъ дар Душанбе ва вилояти Суғд беҳтар аст. Бадтарин ҳолат дар вилояти Хатлон аст: ҳиссаи камбизоатон дар он ҷо 32,8% -ро ташкил медиҳад.
Дар рейтинги байналмилалии камбизоатӣ, Тоҷикистон дар байни 191 кишвар дар мақоми 157-ум қарор гирифтааст.