Мақсади сафари Майк Помпео ба Гурҷистон чӣ буд? - навор

Обуна шудан
Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майк Помпео бо сафари расмӣ ба Гурҷистон омад. Дипломат бо мақомдорони баландпояи ин давлат дидору мулоқот кард

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майк Помпео дар доираи ин сафари худ бо президенти кишвар, сарвазир ва ҳамтои худ аз ВУХ Гурҷистон дидор кард.

Котиби давлатии Амрико Русия “барои алоқа бо Толибон” таҳдид кард. Русия талаби далел дорад - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Таҳдиди навбатии Амрико ба Русия: Помпео ваъда дод, Маскав ҷазоӣ сахт мегирад

Сиёсатмадори амрикоиро дар Гурҷистон эътирозгарон пешвоз гирифтанд, ки талаб мекарданд, то интихоботи парлумонӣ баргузоршударо ғайри демократӣ эълон кунанд.

Мақсади сафари Помпео расман таҳкими муносиботи миёни ин ду давлат гуфта мешавад, вале аксари вохӯриҳояш паси дарҳои баста баргузор шуд.

Коршиносон мегӯянд, эҳтимолан намояндагони ду давлат паси дарҳои баста масъалаи созмон додани пойгоҳи низомии ИМА - ро дар ҳудуди кишвар баррасӣ карда бошанд. 

Амрикоиҳо мехоҳанд ҳузури худро дар ин манотиқ, ба вижа пас аз ҳодисаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва фиристодани посдорони сулҳи Русия ба ин макон, бештар кунанд.

Лентаи хабарҳо
0