Ҳуқуқшинос, прокурор ва донандаи ду забон: ҷойгузини Шерхон Салимзода кист?

© Sputnik ТаджикистанҲабибулло Воҳидов прокурори вилояти Суғд
Ҳабибулло Воҳидов прокурори вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳабибулло Воҳидов, ки то ин замон прокурори вилояти Суғд буд, имрӯз бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, директори Агентии назорати маводи нашъаовар таъин гардид

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Ҳабибулло Воҳидов дар мақоми нави вазифавӣ ба ҷойи Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.

Председатель Комитета по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан Ахтам Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Абдураҳимов рафту Абдуллозода омад: идомаи тағйироти кадрӣ

Воҳидов Ҳабибулло Саъдуллоевич, дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1988 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (собиқ ба номи В.И. Ленин) - ро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро аз ҳамон сол дар шӯъбаи умумии прокуратураи вилояти Хатлон оғоз намудааст.

Ибтидо коромӯзи прокурори шуъбаи назорати умумӣ ва аз соли 1989 то 1993 муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликул буд.

Соли 1993 муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон ва 1994 сардори шӯбаи назорати иҷрои қонунҳо дар Вазорати амният ва Кумитаи гумруки прокуратураи вилояти Хатлон фаъолият бурдааст.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон генерал Шерхон Салимзодаро аз мақом барканор кард

Солҳои 1996 – 1998 прокурори ноҳияи Фархор ва баъдтар прокурори ноҳияи Сино (собиқ Фрунзе) - и шаҳри Душанбе таъйин шудааст.

Аз соли 2002 то 2007 минҳайси прокурори шаҳри Душанбе кор карда, солҳои 2011 -2015 сардори Раёсати кадрҳо ва коргузорӣ ва дар вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Аз моҳи феврали соли 2015 прокурори вилояти Суғд буд.

Бар асоси фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 18 ноябри соли ҷорӣ, Воҳидов директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҳабибулло Воҳидов дар баробари забони тоҷикӣ, ҳамчунин забони русиро хуб медонад.

Лентаи хабарҳо
0