ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, Абдураҳимов Хайриддин Саидович аз мақом барканор шуд.
Саидов дар мақоми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ифоаи вазифа намуда, бо сабаби расидан ба синни нафақа аз симматаш барканор шуд.
Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо судури як қарор, Абдуллозода Аҳтам Рустамро сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъйин намуд.
Абдуллозода аз моҳи июни 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш интихоб шуда буд.
Номбурда то ин замон муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.