Буҷаи соли 2020 қабул шуд: 1,6 миллиард бештар аз соли гузашта

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонМинистр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода
Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи имрӯзааш тарҳи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021-ро қабул кард

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифи тарҳ дар ҳузури вакилон гуфт, ки даромади буҷаи Тоҷикистон барои соли оянда 26 миллиарду 600 миллион сомонӣ муайян шуд, хабар доданд аз поёнии парлумон ба Sputnik  Тоҷикистон.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Ҳукумат: хароҷоти буҷа дар соли 2023 қариб 33 миллиард хоҳад буд

Тарҳи буҷаи соли қаблии Тоҷикистон 26 миллиарду 100 миллион сомонро дар бар мегирифт, ки имсос 1,6 миллиар афзудааст.

Вазири молия афзоиши даромади буҷетро бо дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, афзоиши ҷамъоварии андозҳои асосӣ инчунин таъмини рушди воқеии иқтисод ва ташкили ҷойҳои нави корӣ шарҳ додааст.

Гуфта мешавад, даромади андоз 18,8 миллиард сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки ин беш аз 68 фоизи ҳаҷми умумии даромади буҷетро ташкил медиҳад. Даромадҳои ғайриандозӣ бошад, дар ҳаҷми 1,4 миллиард сомонӣ ва грантҳо - 300 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, хароҷоти буҷа барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷаи тасдиқшудаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, сарфи буҷа ба соҳаҳои иҷтимоӣ 13,2 миллиард сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки 47% тамоми хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Давлатзода гуфт, буҷа аз таътили андозӣ дар пандемия чанд пулро аз даст дод

Ба гуфтаи вазири молия, соли оянда барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, аз буҷа 2,1 миллиард сомонӣ  ҷудо мешавад.

Лентаи хабарҳо
0