Қарори Ҳукумат: хароҷоти буҷа дар соли 2023 қариб 33 миллиард хоҳад буд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон дурнамои нишондиҳандаҳои буҷаи давлатӣ дар соли 2023-ро тасдиқ кардааст, ки дар он хароҷоти буҷа аз даромад 514 миллион сомонӣ зиёдтар хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тибқи дурнамои тасдиқкардаи Ҳукумат, буҷаи давлатӣ дар соли 2022 беш аз 31 миллиарду 499 миллион сомонӣ хароҷот хоҳад дошт.

Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Давлатзода гуфт, буҷа аз таътили андозӣ дар пандемия чанд пулро аз даст дод

Даромади буҷа дар ин сол 30 миллиарду 985 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбати хароҷоти пешбинишуда 514 миллион сомонӣ камтар мебошад. Ҳукумат таъкид кардааст, ки касри буҷа дар соли 2022 ба 0,5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар хоҳад буд.

Дар мавриди соли 2023 таъкид шудааст, ки даромади буҷаи давлатӣ ба 32 миллиарду 250 миллион сомонӣ баробар хоҳад буд. Хароҷоти буҷа дар ин сол 32 миллиарду 850 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбати даромад 574 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад. Ҳукумат мегӯяд, касри буҷа ҳамоно 0,5 дарсади ММД хоҳад буд.

Дар лоиҳаи буҷа барои соли 2021, ки қаблан Ҳукумат ба парлумон фиристод, даромади умумии буҷаи давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷаи соли 2020 ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Хароҷоти умумии буҷаи давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷаи тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0