Даргузашти Ибодуллоев, табиби шинохтаи тоҷик аз "илтиҳоби шуш"

© Sputnik / Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Исматулло Ибодуллоев, мудири шуъбаи андрологияи Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ дар шаҳри Хуҷанд дар синни 60-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Ибодуллоев, урологи варзидаи тоҷик, як моҳ ба ин тараф аз бемории “илтиҳоби шуш” табобат мегирфт, вале бегоҳии дирӯз аз олам даргузашт, хабар доданд манобеъ аз Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Лечение больных с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши марг бар асари CОVID-19 дар Тоҷикистон: шумори ҷонбохтагон ба 83 нафар расид

“Дар хонаашон табобат мегирифтанд. Дирӯз хабар доданд, ки даргузаштааст. Саҳарии имрӯз маросими видоъ бо Исматулло Ибодуллоев баргузор гардид. Марҳум аз урологҳои варзидаи тоҷик буданд ва барои рушди ин соҳаи тандурустӣ басо хизматҳои шоён кардаанд. Равонашон шод боду ахираташон обод”, - изҳор дошт манбаъ.

Исматулло Ибодуллоев 8 майи соли 1960 дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ба номи Абӯалӣ Синоро хатм намуда, тибқи роҳхати Вазорати тандурустӣ аз ҳамон сол фаъолияти касбиашро ба ҳайси духтур-уролог дар Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ) шурӯъ намудааст. Ба маҳзи кӯшишҳои вай, фаъолияти ҳуҷраҳои эндоскопӣ дар як қатор шаҳрак ва ҷамоатҳои Суғд ташкил ва муолиҷаи бемориҳои урологӣ аз қабили варикозселле, касалии узвҳои роҳи пешоб, санги пешобдон, захмҳои санги пешобдон роҳандозӣ карда шудааст.

Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи октябр - Sputnik Тоҷикистон
Омори октябрии COVID - 19 дар Тоҷикистон

Ибодуллоев, соли 1984 барои кор ба шуъбаи урологияи Бемористони клиникавии Суғд гузашта, дар ин ҷо ҳамчун уролог-ҷарроҳ ташаккул ёфтааст. Аз таҷрибаи кори бо муваффақи урологҳои тоҷик дар конфренсияҳои илмии соҳа матолиб ироа намудааст.

Фаъолияташро ба назар гирифта, соли 1987 вайро барои кор ба Бемористони ба номи Ибни Сино ба кор даъват намудаанд. Ибодуллоев дар ин муддат худро ҳамчун ҷарроҳ – уролог, омӯзгор ва корманди илмии пуртаҷриба нишон дод. Ӯ аввалин табибест, ки ба фаъолияти клиникии урологӣ услуби пешгирии хунравии ҷарроҳии ғадудомоси ғадуди пешҷой бо маҳлули “кваси” кори бомуваффақи тадқиқотӣ анҷом додааст. Исматулло Ибодуллоев, солҳои 1992-2004 дар шуъбаи урологии Беморхонаи клиникавии Суғд буд.

Солҳои 2004 то соли 2010 мудири шуъбаи ҷарроҳии Маркази табобатию солимгардонии “Нур” фаъолият карда, бори нахуст усули нави ҷарроҳии бибуни бурриш (эндохирургия)-ро ба роҳ андохтааст. Аз соли 2011 мудири шуъбаи андрологияи Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ дар шаҳри Хуҷанд буд. Субҳи имрӯз ҷанозаи марҳум бо ҳузури прайвандон ва ҳамкоронаш дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0