Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Омори октябрии COVID - 19 дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Дар моҳи октябр чун дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиши гирифторӣ ва фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуд

Рӯзи охири моҳи октябр шумораи умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон 11 017 касро ташкил дод.

Дар ин миён аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун 10 233 кас аз коронавирус шифо ёфтанд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар миёнаҳои моҳи октябр, шумораи гирифторон дар як рӯз якбора афзуд. Чанд рӯз пай дар пай ҳар рӯз дар Тоҷикистон беш аз 70 нафар бемор мешуданд.

Глава представительства ВОЗ в Таджикистане Бахтыгуль Каррыева - Sputnik Тоҷикистон
Карриева: СУТ аз афзоиши бемории COVID-19 Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

ТУТ: пӯшидани ниқоб дар Осиёи Марказӣ  ҷони беш аз 200 ҳазор нафарро наҷот медиҳад

Инчунин дар моҳи октябр, ТУТ дар Тоҷикистон изҳороти нигаронкунанда кард. Тибқи гуфтаи намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон Бахтигул Қарриева, дар ҳафтаҳои наздик шумораи сироят ва фавт аз COVID-19 дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Як қадам пеш: намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон чораҳои мубориза бо COVID-19-ро арзёбӣ кард

Ҳамзамон, Тоҷикистон дар радабандии паҳншавии коронавирус дар Осиёи Марказӣ сатри 4-умро ишғол мекунад ва то ҳол дар кишвар ҳамаи чораҳои зидди ҳамагирӣ фаъоланд: пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва қатъи парвозҳои байналмилалӣ.

Лентаи хабарҳо
0