ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, тайи шабонарӯзи гузашта 43 ҳолати ҷадиди гирифторӣ ба коронавирус ошкор карда шуд.
Манбаъ таъкид кард, ки дар маҷмуъ аз охири моҳи апрел то шоми имрӯз 11 ҳазору 139 нафар гирифтори коронавирус гардиданд.
Вазорат таъкид кардааст, ки дар як шабонарӯзи охир 52 нафар пас аз табобат ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Тибқи иттилои манбаъ дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10389 (93,2 %) нафар баробар гардид.
Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки то имрӯз бар асари ин беморӣ 83 нафар фавтидаанд.
Вазорат бори дигар зикр кардааст, ки Ҳукумати кишвар айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.