"UnionPay" - и Чин ба бозори Тоҷикистон роҳ ёфт

© Sputnik / Василий Батанов / Гузариш ба медиабонкКитайская платежная система UnionPay
Китайская платежная система UnionPay  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба низоми миллии пардохти Чин UnionPay International Co., Ltd, барои фаъолият дар қаламрави ҷумҳурӣ ба муҳлати се сол иҷозатнома додааст. Ин ташкилоти фаръии ширкати China UnionPay-и Чин мебошад

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора санаи 26 октябри соли 2020 ба имзо расидааст. 

Пункт по денежным переводам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Юнистрим тарофаи интиқолҳои пулиро ба Тоҷикистон барои се моҳ 40 дарсад коҳиш дод

Манбаъ таъкид доштааст, ки мутобиқи моддаи 14 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба UnionPay International Co., Ltd. (ЮнионПэй Интернешнл), барои фаъолияти оператори низоми пардохтии UnionPay International ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.

Бонки миллӣ қайд кардааст, ки дар асоси қарори мазкур Идораи низоми пардохт уҳдадор шудааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Бояд қайд кард, ки дар рӯйхати операторони низоми пардохти БМТ то ин замон 15 ширкат сабт шудаааст.

UnionPay International ташкилоти фаръии ширкати China UnionPay-и Чин буда, ба фаъолият берун аз ҳудуд ин кишвар мутамарказ шудааст.

Ширкати мазкур ба истифодаи кортҳо барои пардохти маблағи хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, инчунин гирифтани пули нақд дар 179 кишвари ҷаҳон имкон медиҳад. Кортҳои UnionPay дар зиёда аз 61 давлат нашр мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0