Юнистрим тарофаи интиқолҳои пулиро ба Тоҷикистон барои се моҳ 40 дарсад коҳиш дод

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкПункт по денежным переводам, архивное фото
Пункт по денежным переводам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки тиҷоратии Юнистрим эълон доштааст, ки тарофа барои интиқолҳои пулӣ бо пардохти рубл танҳо 0,95 дарсадро ташкил хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар ин давраи мушкил бонки тиҷоратии “Юнистрим” - оператори низоми пардохти ЮНИСТРИМ тасмим гирифт муштариёни худро дар Тоҷикистон дастгирӣ намояд.

Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Аз 1,5 ба 0,99%: "Юнистрим" ҳаққи хизматрасониро поин овард

Ин бонк тарофаи интиқолҳои пулии то 30 ҳазор рубли русиро аз хазинаҳои шабакаи худ ба андозаи 40 дарсад коҳиш дод.

Тибқи иттилдои Бонки миллӣ акнун тарофа барои интиқолҳои пулӣ бо пардохти рубл танҳо 0,95 дарсадро ташкил медиҳад.

Гуфта шудааст, ки тарофаи нав то охири моҳи августи соли 2020 амал хоҳад кард. Барои интиқолҳои пулӣ бо пардохти доллар ва евро оператори низоми пардохти Юнистрим тарофаи 0 дарсадиро нигоҳ дошт.

“Бонки миллӣ ба тасмими ҶС БТ “Юнистрим” доир ба коҳиш додани тарофаи худ барои шаҳрвандони кишвари мо дар робита ба пандемияи коронавирус баҳои баланд медиҳем. Акнун муштариёни Юнистрим, ҳангоми интиқоли пул ба хонаводаҳояшон метавонанд маблағҳои худро ба таври назаррас сарфа намоянд” – зикр кардааст  Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Раиси Бонки миллӣ .

Дар навбати худ Ксения Чернышева, президенти низоми интиқолҳои пулии байналмилалии Юнистрим қайд кардааст, ки бонк ҳамеша ба ниёзмандиҳои муштариёни худ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва барои осон кардани ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ дар муҳити иҷтимоию иқтисодии Русия кӯшиш хоҳад кард.

Бояд қайд кард, ки анҷом додани интиқол бо тарофаи коҳишёфта дар марказҳои худии низоми пардохти Юнистрим имконпазир аст. Дар Тоҷикистон интиқол дар бештар аз 1200 марказ, ки дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Истаравшон ва шаҳрҳои дигар ҷойгиранд, дастрас мебошад.

Ба муштариёне, ки мехоҳанд пули худро тариқи онлайн ирсол намоянд, низоми пардохти Юнистрим пешниҳод мекунад аз корти Юнистрим ва бонки мобилӣ истифода баранд. Тарофаи 0,9 дарсадиро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0