Акси Макронро оташ заданд: эътирозҳои густурда назди сафорати Фаронса дар Эрон - акс

Обуна шудан
Мардуми Эрон нисбат ба ҳаводиси охир, ки дар Фаронса рух дод, ба намуди эътироз дар назди сафорати ин кишвар дар Теҳрон ҷамъ шуданд

Дар Фаронса чанде пеш барои карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с), сари профессори яке аз коллеҷҳо аз тан ҷудо карда шуд.

Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қодиров гуфт, барои мавқеъгирияш дар робита ба Макрон омода аст истеъфо ва ё ҷон диҳад

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд. Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид.

Эрониҳо бо нишони эътироз аз назари таҳқиромези Макрон ба дини ислом ва Пайғамбар Муҳаммад ба кӯчаҳо рехтанд. Онҳо дастаҷамъона то сафорати Фаронса дар Эрон омада, бо шиорбардорӣ ва садо баландкунӣ, дархости адолат мекарданд.

Шаҳрвандони норизо ба таври ошкоро аксҳои кишвардори Фаронса Эммануэл Макронро зери по мекарданд ва месӯзонданд. Зимнан бо боло кардани шиорҳо бобати бузургии Пайғамбар Муҳаммад (с) нисбати ӯ изҳори муҳаббат ва эътиқод менамуданд.

Қаблан, муовини мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидор бо кордори муваққати Фаронса иқдомоти ғайри қобили қабули мақомоти фаронсавиро, ки муҷиби хашми миллионҳо мусулмон дар Аврупо ва ҷаҳон шудааст маҳкум ва таъкид кард.

Қодиров дар бораи карикатураи паёмбар, гунаҳкорони қатли омӯзгор ва оқибати амали Макрон

Ӯ таъкид намуда буд, ки ҳаргуна иҳонат ва беэҳтиромӣ ба паёмбари ислом (с) ва арзишҳои ноби исломӣ аз сӯи ҳар фард новобаста аз мақом ба шиддат маҳкум ва мардуд мешавад.

Ёдовар мешавем, нашрияи фаронсавии Чарлӣ‌ Эбдо ба тозагӣ бори дигар иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи паёмбари ислом (с) кардааст.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ эълом кардаст, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатураҳо идома хоҳад дод.

© AP / Ebrahim NorooziНоризогии шаҳрвандони Эронро нашри тасвирҳои танзомези Пайғамбар Муҳаммад (с) барангехт
Протест у посольства Франции в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
1/12
Норизогии шаҳрвандони Эронро нашри тасвирҳои танзомези Пайғамбар Муҳаммад (с) барангехт
CC BY 4.0 / Tasnim News Agency / (cropped image)Садҳо эрониҳо бо шиору навиштаҷотҳо ба кӯчаҳо рехтанд
Протест у посольства Франции в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
2/12
Садҳо эрониҳо бо шиору навиштаҷотҳо ба кӯчаҳо рехтанд
CC BY 4.0 / Tasnim News Agency / (cropped image)Онҳо дастаҷамъона назди сафорати Фаронса дар Эрон гирд омаданд
Протест у посольства Франции в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
3/12
Онҳо дастаҷамъона назди сафорати Фаронса дар Эрон гирд омаданд
CC BY 4.0 / Tasnim News Agency / (cropped image)Бо нишони эътироз аксҳои кишвардори Фаронсаро хароб мекарданд
Протест у посольства Франции в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
4/12
Бо нишони эътироз аксҳои кишвардори Фаронсаро хароб мекарданд
© AP / Ebrahim NorooziДар ин раҳпаймоӣ теъдоди зиёди ҳам занону ҳам мардон иштирок намуданд
Протест у посольства Франции в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
5/12
Дар ин раҳпаймоӣ теъдоди зиёди ҳам занону ҳам мардон иштирок намуданд
© AFP 2023 / Atta KenareАксҳои Эммануэл Макронро оташ мезаданд
Сжигание фотографии президента Франции Эммануэля Макрона в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
6/12
Аксҳои Эммануэл Макронро оташ мезаданд
© REUTERS \ Majid Asgaripour/WANAЗимнан, бо шиорҳои дигар ба Пайғамбар Муҳаммад изҳори муҳаббату эътиқод менамуданд
Протест у посольства Франции в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
7/12
Зимнан, бо шиорҳои дигар ба Пайғамбар Муҳаммад изҳори муҳаббату эътиқод менамуданд
© REUTERS \ Majid Asgaripour/WANAЭммануэл Макрон пас аз қатли профессори коллеҷ аз кулли фаронсавиҳо хост, то карикатураҳои пайғамбарро дар идораҳои давлатӣ овезон кунанд
Протест у посольства Франции в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
8/12
Эммануэл Макрон пас аз қатли профессори коллеҷ аз кулли фаронсавиҳо хост, то карикатураҳои пайғамбарро дар идораҳои давлатӣ овезон кунанд
© REUTERS \ Majid Asgaripour/WANAМарҳум омӯзгори фанни таърихи яке аз коллеҷҳои Фаронса буда, ба донишҷӯёнаш тасвирҳои танзомези Пайғамбар Муҳаммадро нишон медод
Протест у посольства Франции в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
9/12
Марҳум омӯзгори фанни таърихи яке аз коллеҷҳои Фаронса буда, ба донишҷӯёнаш тасвирҳои танзомези Пайғамбар Муҳаммадро нишон медод
CC BY 4.0 / Tasnim News Agency / (cropped image)Протестующие молятся у посольства Франции в Тегеране.
Протестующие молятся у посольства Франции в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
10/12
Протестующие молятся у посольства Франции в Тегеране.
© AFP 2023 / Atta KenareЗимнан, Эммануэл Макрон изҳор дошт, ки Фаронса ба ҳеҷ ваҷҳ аз карикатураҳо даст намешавад
Протест у посольства Франции в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
11/12
Зимнан, Эммануэл Макрон изҳор дошт, ки Фаронса ба ҳеҷ ваҷҳ аз карикатураҳо даст намешавад
CC BY 4.0 / Tasnim News Agency / (cropped image)Изҳороти Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон шуд. Аз ҷумла кишвардори Туркия Эрдуғон аз Макрон даъват намуд, ки ҳолати равонаии худро санҷад. Рамазон Қодиров бошад Макронро террористи рақами як гуфт
Протест у посольства Франции в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
12/12
Изҳороти Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон шуд. Аз ҷумла кишвардори Туркия Эрдуғон аз Макрон даъват намуд, ки ҳолати равонаии худро санҷад. Рамазон Қодиров бошад Макронро террористи рақами як гуфт
Лентаи хабарҳо
0