Қодиров гуфт, барои мавқеъгирияш дар робита ба Макрон омода аст истеъфо ва ё ҷон диҳад

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар Telegram-аи худ пас аз изҳороташ дар бораи карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) муроҷиати худро ба президенти Фаронса Эммануэл Макрон шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Қодиров қаблан раҳбари Фаронсаро барои суханронӣ ба ҳимоят аз карикатураҳои пайғамбар маҳкум кард.

Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
Қодиров дар бораи карикатураи паёмбар, гунаҳкорони қатли омӯзгор ва оқибати амали Макрон

Вай Макронро дар пуштибонӣ аз иғво айбдор кард ва илова кард, ки президенти Фаронса "пинҳонкорона мусулмононро ба ҷиноят даъват мекунад".

Қодиров аз Макрон даъват кард, ки ҳамлаҳо ва иғвоҳои мазҳабиро "пеш аз дер шуданаш" боздорад.

Бо шарҳи ин навиштаҳои Қодиров котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки сарони субъектҳо ба сиёсати хориҷӣ машғул нестанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар навиштааш Қодиров таъкид кардааст, ки ба президенти Фаронса на ҳамчун сиёсатмадор, балки ҳамчун як мусалмон муроҷиат кард ва илова кард, ки омода аст суханони худро такрор кунад.

Вай таъкид кардааст, чун шахс, ки дини худро дӯст медорад ва эътиқоди онро қатъиян риоя мекунад, чунин ҳуқуқ дорад.

"Барои ин андеша, агар лозим ояд, ман омодаам аз вазифаам истеъфо диҳам, азоб кашам ё ҷон диҳам! Аммо хомӯш истода тамошо кардан, ки динро тамасхур мекунанд, ман наметавонам ва нахоҳам кард!" - таъкид кард сарвари Чеченистон.

Ёдовар  мешавем, қаблан Макрон зимни суханронии васеъ оид ба мубориза бо ҷудоихоҳии мазҳабӣ дар Фаронса эълом дошт, ки лоиҳаи қонуни марбута ба таҳкими арзишҳои ҷумҳуриявӣ рӯзи 9 декабр пешниҳод хоҳад шуд.

Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон
Эрдуғон маҷаллаи фаронсавиро барои карикатура ба додгоҳ кашид

Вай зарурати "озод кардани ислом дар Фаронсаро аз таъсири хориҷӣ" ва шадидтар кардани назорат аз болои маблағгузории масҷидҳо эълом кард.

Сабаби суханронии Макрон куштори муаллими таърих Самуил Пати буд, ки карикатураҳои Пайғамбар Муҳаммадро нишон додаву нишонаи озодӣ хонда буд.

Қаблан президенти Фаронса зимни шарҳи нашри нави карикатураҳои маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo дар моҳи сентябр гуфта буд, ки дар кишвар "озодии куфр" вуҷуд дорад.

Пас аз куштори муаллим, Макрон таъкид кард, ки Фаронса аз нашри карикатураҳо даст намекашад.

Лентаи хабарҳо
0