Дар Фаронса чанде пеш барои карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с), сари профессори яке аз коллеҷҳо аз тан ҷудо карда шуд.
Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд. Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид.
Эрониҳо бо нишони эътироз аз назари таҳқиромези Макрон ба дини ислом ва Пайғамбар Муҳаммад ба кӯчаҳо рехтанд. Онҳо дастаҷамъона то сафорати Фаронса дар Эрон омада, бо шиорбардорӣ ва садо баландкунӣ, дархости адолат мекарданд.
Шаҳрвандони норизо ба таври ошкоро аксҳои кишвардори Фаронса Эммануэл Макронро зери по мекарданд ва месӯзонданд. Зимнан бо боло кардани шиорҳо бобати бузургии Пайғамбар Муҳаммад (с) нисбати ӯ изҳори муҳаббат ва эътиқод менамуданд.
Қаблан, муовини мудири кулли аврупоии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидор бо кордори муваққати Фаронса иқдомоти ғайри қобили қабули мақомоти фаронсавиро, ки муҷиби хашми миллионҳо мусулмон дар Аврупо ва ҷаҳон шудааст маҳкум ва таъкид кард.
Қодиров дар бораи карикатураи паёмбар, гунаҳкорони қатли омӯзгор ва оқибати амали Макрон
Ӯ таъкид намуда буд, ки ҳаргуна иҳонат ва беэҳтиромӣ ба паёмбари ислом (с) ва арзишҳои ноби исломӣ аз сӯи ҳар фард новобаста аз мақом ба шиддат маҳкум ва мардуд мешавад.
Ёдовар мешавем, нашрияи фаронсавии Чарлӣ Эбдо ба тозагӣ бори дигар иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи паёмбари ислом (с) кардааст.
Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ эълом кардаст, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатураҳо идома хоҳад дод.