Чаро Амрико натавонист Боку ва Ереванро оштӣ кунад

© AP / Ismail CozkunМужчина идет среди обломков поврежденных домов в Гяндже, Азербайджан
Мужчина идет среди обломков поврежденных домов в Гяндже, Азербайджан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амалиёти ҳарбӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳамакнун муддати як моҳ идома доранд. Дасти кам се маротиба оташбас эълон шуд, вале дар ҳар се маврид он бекор гардид

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Галия Ибрагимова. Режими оташбас миёни Озабойҷону Арманистон, ки бо миёнҷигарии ИМА барқарор шуд, зуд бекор гардид. Ҳарчанд ҷониби Амрико исрор меварзад, ки сулҳро миёни арманиҳо ва озарбойҷониҳо побарҷо мекунад, вале кам андар кам нафарон пайдо мешаванд, ки ба ин ваъдаҳо бовар кунанд.

Бедории амрикоӣ

"Амрико ба гуфтушуниди пурсамари вазирони умури хориҷии Арманистону Озарбойҷон ва ҳамраиси Гурӯҳи Минскии САҲА мусоидат кард. Кӯшишҳои мо ба ҳалли низои Қарабоғи Кӯҳӣ равона карда шудаанд", - таъкид мешавад дар Департаменти давлатии ин кишвар.

Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон
Пашинян гуфт, "хатти сурх" - и масъалаи Қарабоғи Кӯҳӣ чӣ аст

Пас аз ба нокомӣ анҷом ёфтани режими оташбас бо миёнаравии Русия, Майк Помпео изҳор намуд, ки Амрико сулҳро миёни Озарбойҷону Арманистон побарҷо имекунад.

Зимнан, кишвардори Амрико Доналд Трамп низ ба ин масъала мудохила намуда гуф, ки "Ин кори ниҳоят саҳл аст, зеро тарзи ҳал намудани онро медонем".

Лавров: Русия оиди Қарабоғи Кӯҳӣ бо Туркия розӣ нест

Трамп дар ин бора зимни мулоқоти худ дар штати Ню - Гэмпшир изҳор дошт. Дар ин иёлот ҷамъияти калони арманиҳо ба сар мебаранд. Зоҳиран Трамп барои ҷалб намудани онҳо ба маъракаи интихоботи президентӣ ва ба даст овардани раъйи онҳо, ба ин масъала мудохила кард.

"Бубинед арманиҳо чӣ гуна халқияти хуб ҳастанд. Ҷанги мудҳишро аз сар гузаронданд. Инҳо ниҳоят мардумони меҳнатдӯст мебошанд. Ва мо ба онҳо кумак хоҳем кард. Мо ба сербу Косова кумак кардем ва мушкили онҳоро ҳал намудем. Ба Қарабоғи Кӯҳӣ ҳам дасти кумак дароз мекунем. Ҳадафи мо наҷот додани башарият аст", - зери қарсакзаниҳои тӯлонӣ изҳор дошт Трамп.

Дар ҳамин ҳол, кишвардори Русия Владимир Путин низ изҳор дошт, ки дар роҳи оштӣ намудани ин ду ҷониб Вашингтон низ саҳмгузорӣ мекунад ва дар ҳамдастӣ бо мо ин масъала бартараф мешавад.

Лағви оташбас

Оташбаси гуманитарӣ соати 8:00 - и рӯзи 26 октябр эълон шуд, аммо бо гузашти ҳамагӣ як соат аз эълони он, ҷонибҳо боз онро бекор намуданд.

Нагорный Карабах: Россия, США и Франция думают, как остановить кровопролитие - Sputnik Тоҷикистон
Қарабоғи Кӯҳӣ метавонад “Макка”-и дуюми террористони байналмилалӣ шавад

Ҷониби Озарбойҷон нерӯҳои мусаллаҳи Арманистонро дар тирборон кардани Тертер ва маҳалҳои аҳолинишини ҳаммарз бо Қарабоғи Кӯҳӣ айбдор кард. Дере нагузашта изҳороти вазорати дифои Арманистон садо дод. Дар он гуфта мешавад, ки низомиёни Озарбойҷон "дар самти шимолу шарқи хатти тамос" артиллерияро оғоз карданд.

Зимнан, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва роҳбари Қарабоғи Кӯҳӣ Араик Арутянин аз омодагӣ дар самти риоя намудани режими оташбас хабар доданд.

Ҳамчунин, кишвардори Озарбойҷон Илҳом Алиев низ ҷонибдории худ аз риоя шудани ин режимро изҳор дошт ва аз давлатҳои миёнарав талаб намуд, ки бигзор дар мавқеӣ бетарафӣ қарор гиранд.

"Агар ҷонибдори қатъ шудани низоъ бошед, пас ба арманиҳо фаҳмонед, ки аз ҳудуди давлати мо берун раванд. Агар ин кор сурат нагирад, пас мо то охир мубориза мебарем", - таъкид намудааст Алиев.

Бозиҳои Туркия

Гурӯҳи Минскии САҲА аз кӯшиши оштӣ додани мухолифон даст намекашад. Рӯзи панҷшанбе, 29 октябр, ҳамраисон дар Женева бо вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон мулоқот мекунанд. Аммо коршиносоне, ки бо РИА Новости мусоҳиб шудаанд, ба ин шубҳа доранд.

"Муҳим он аст, ки ҷонибҳои муноқишакунанда манфиатдор бошанд. То ба ҳол чунин муносибат вуҷуд надорад. Ҳар дафъа ҷониби Озарбойҷон, Қарабоғи Кӯҳиро аз сар тирборон мекунад. Дронҳо доимо ба қаламрави Арманистон парвоз мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки Боку нияти анҷом додани муноқишаро надорад", - изҳор дошт Ҷонни Меликян пажӯҳишгари Маркази омӯзиши минтақавии Академияи маъмурии давлатии Арманистон .

Вай қайд мекунад, ки Ереван кӯшишҳои Гурӯҳи Минскии САҲА-ро дастгирӣ мекунад, аммо ба ин раванд Туркия, ки ҷонибдори Озарбойҷон аст, халал мерасонад.

Руководитель фракции Либерально-демократическая партия России (ЛДПР) Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон
Жириновский гуфт, чаро низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ хотима намеёбад

"Маскав, Вашингтон, Порис ба сулҳ даъват мекунанд. Анкара муқовимат нишон медиҳад ва Бокуро ба як муқовимати мусаллаҳона таҳрик медиҳад. Дар айни замон, ҷониби Туркия пинҳон намекунад, ки мехоҳад ҳамраиси Гурӯҳи Минскии САҲА шавад", мегӯяд ин коршинос.

Розигӣ бо Маскав

Павел Кошкин, ходими калони Пажӯҳишгоҳи Иёлоти Муттаҳида ва Канада низ талошҳои Амрикоро дар ин самт ба маъракаи пешазинтихоботӣ рабт медиҳад.

"Барои Трамп гирифтани овозҳои диаспораи калони арманиҳо дар иёлотҳо муҳим аст. Аз ин рӯ ваъдаҳо дар бораи ҳалли низоъ кӯмак хоҳанд кард. Аммо пас аз интихобот Вашингтон бори дигар Қафқозро фаромӯш хоҳад кард", - пешбинӣ мекунад коршинос.

Кошкин дуршавии амрикоиҳоро аз ҳалли Қарабоғи Кӯҳӣ бо он далел шарҳ медиҳад, ки низоъ барояш идорашаванда менамуд. "Баръакси вазъи Украина ё Гурҷистон, Иёлоти Муттаҳида низоъ дар Қарабоғи Кӯҳиро мушкилоти печида намешумурд. Зеро дар ин масъала Амрико ҳамеша бо Маскав дар тавофуқ буд.

Нигаронии Тоҷикистон аз даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даъват ба оташбас кард

Кошкин бар ин бовар аст, ки "дилхоҳ роҳбари нави Кохи Сафед дигар ба масъалаи Қарабоғи Кӯҳӣ аҳамият намедиҳад. Зеро ин ягона масъалаест, ки Вашингтон ба фикри Маскав такя мекунад.

Лентаи хабарҳо
0