Қарабоғи Кӯҳӣ метавонад “Макка”-и дуюми террористони байналмилалӣ шавад

Обуна шудан
Натиҷаи иловагии ташдиди низои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба фаъол шудани ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ мунҷар хоҳад шуд, ки онҳо қодиранд, аз ҷанг манфиати молӣ ба даст оранд ва маҳдудаи таҳти тасаллути худро густариш диҳанд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Александр Хроленко, шореҳи низомӣ.  Ҳиҷрати чунин “мутахассисон” дар Қафқози Ҷанубӣ тавсеаи ҳудудҳои амалиётҳои низомӣ ва табдил шудани таҳдидҳои террористӣ ба шеваи амалиётҳои низомии музмин, тибқи сенарияҳои “афғонӣ”, “либиёӣ” ва ё “сурияӣ”-ро дар пайи дорад.

Военнослужащие армии Ирана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба қаламрави мо мушак напартоед: Ҳушдори дигарбораи Эрон ба Озарбойҷону Арманистон

Мудири Хадамоти кашшофии хориҷии Русия Сергей Наришкин рӯзи 6 ноябр гуфт, ба минтақаи даргирӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳазорон ҷангҷӯи созмонҳои террористии байналмилалии Ховари Миёна ба мисли “Ҷабҳатуннусра” ДОИШ (созмони террористии мамнӯъ дар Русия), “Фирқатуҳамза”, “Сутлон Мурод”, ҳамчунин гурӯҳҳои ифротгароии курд интиқол меёбанд. Зархаридони иртиҷоӣ мехоҳанд аз ҷанги нав дар Қафқоз фоида бинанд. Ин низоъ Туркияро низ, ки Озарбойҷонро ҷонибдорӣ кард, гирифтор мекунад.

Президенти Русия Владимир Путин имрӯз эълон кард: “Воқеаҳои Қарабоғ фоҷеае аст, ки моро бисёр нигарон кардааст, зеро ҳам дар Озарбойҷон ва ҳам дар Арманистону Қарабоғ мардуми барои мо бегона зиндагӣ намекунанд”. Путин аз диаспораҳои озарию арманӣ дар Русия ёдовар шуд. Ва қайд кард, ки теъдоди бештаре аз шаҳрвандони Русия бо шаҳрвандони ҳарду кишвар равобити наздик ва ҳатто пайванди хешутаборӣ доранд.

Ташдиди ҳаводиси Қарабоғи Кӯҳӣ  бо мушорикати мухарриби кишвар ё нерӯҳои сеюмро дар Маскав хатари бузург медонанд. Манобеи РИА “Новости” дар миёни мухолифони Сурия гуфтаанд, дар ибтидои моҳи октябр дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз 332 зархариди суриягӣ 93 нафари онҳо кушта шудааст, ки ҷасади 53 тан аз онҳо ба Сурия интиқол ёфтааст.

Совместное заседание СМИД, СМО и СБ ОДКБ в Астане - Sputnik Тоҷикистон
Дархости Арманистон барои лағви узвияти нозири Афғонистон дар Паймони амнияти дастаҷамъӣ

Ҷангҷӯёни хориҷӣ

Русия ба ҷанг дар Қафқози Ҷанубӣ ниёз надорад, аммо дар Кремл дарк мекунанд, ки низои низомӣ дар шакли васеъ зуҳур ҳохад кард. Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Русия, зархаридоне аз Сурия ва Либия барои ширкати мустақим дар амалиётҳои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба ин минтақа интиқол мешаванд.

Пештар Башор Асад, президенти Сурия дар мусоҳиба бо РИА “Новости” президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ташаббускори аслии даври ҷадиди низоъ дар Қарабоғ унвон карда буд. Иттиҳомзанӣ мушкил аст, бинобар ин набояд пушти ин гунаҳкоркунӣ ранҷиш ё қасос барои амалиёти ғайрирасмии нерӯҳои низомии Туркия дар кишвари арабии Сурия бошад. Мушорикати аз ҳади зиёди Анкара дар низои озарӣ-арманӣ нооромии хатарнокеро дар Қафқози Ҷанубӣ, баъзе кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осёи Марказӣ ба вуҷуд меорад.

Канада содироти силоҳ ба Туркия бо шумули қисмҳои такмилдиҳандаи ҳавопаймои бесарнишин “Bayraktar”-ро тасодуфӣ қатъ накард. Украина аллакай ба хулосае расидаааст, 50 ҳавопаймои бесарнишини зарбазани тавлиди Туркияро, ки Озарбойҷон аз онҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ истифода менамояд, харидорӣ кунад. Аз чунин дастовард метавонад дар Донбасс “шиллик” шавад ва он даври ҷадиди низои дохилиукраиниро доман бизанад.

Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Асад Эрдуғонро саркардаи низоъ дар Қарабоғ медонад

Бо вуҷуди манофеи Фаронса аз ҳамкорӣ бо Озарбойҷон дар бахши энержӣ ва саноати дифоӣ президенти ин кишвар Эммануэл Макрон мустақиман эълон кард, ки 300 ҷангҷӯи гурӯҳҳои ҷиҳодии фаъол дар Идлиб аз тариқи шаҳри Ғозиёнтеппа Туркия аз Сурия ба Боку мунтақил шудаанд. Эҳтимол қабл аз интихобот Макрон аз ҳад зиёд аз диаспораи муассири арманӣ вобаста бошад, аммо бар ҳар ҳол факт чизи раднопазир аст.

Ба иттилои маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy”, Туркия аз зархаридони мисли лухтаки артиши Сурия дар Қарабоғи Кӯҳӣ истифода мекунад. Дар низои Озарбойҷону Арманистон даҳҳо ҷангҷӯи созмонҳои мусаллаҳе, ки қаблан дар шимоли Сурия ва Либия ҷангида буданд, кушта шуданд. Манбаи нашрия дар Артиши миллии Сурия (созмонҳои мусаллаҳи мухолифе, ки Туркия онҳоро дастгирӣ мекунад) аз интиқоли ҳудуди 1500 зархариди суриягӣ ба Қафқози Ҷанубӣ хабар медиҳад. Барои ҳар як ҷангҷӯ қарордоди чаҳормоҳа ва пардохти музди 1500-долларӣ дар як моҳ (бо лираи туркӣ) пешниҳод кардаанд.

Дар ҳоле ки бештари ҷангҷӯён хоҳиши ба Қарабоғи Кӯҳӣ омадан доштанд, 55 зархариди сурияӣ дар бархӯрдҳои низомӣ кушта шуданд. Хонаводаҳои ҷангӯёни кушташударо 60-ҳазорӣ лираи туркӣ (ҳудуди 7800 доллар), пардохти на он қадар зиёд бар ивази ҷон ваъда кардаанд.

Реактивный снаряд системы Смерч на территории общины Иванян Нагорного Карабаха - Sputnik Тоҷикистон
Садои ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ дар Эрон: хумпора аз Қарабоғ як кӯдаки эрониро захмӣ кард

Замина барои терроризм

Вазорати дифои Туркия (ба мисли ниҳодҳои мухталиф дар Боку) интиқоли зархаридон ба Озарбойҷонро такзиб мекунад ва аз дастгирӣ ёфтани Арманистон аз сӯйи Ҳизби коргарони Курдистон (ҲКК), ки даҳсолаҳост, муқобили ҳокимияти туркҳо мубориза мебарад, хабар медиҳад. Ва дар Боку таъйид менамоянд, ки зархаридоне аз Сурия ва Лубнон аз ҷониби Арманистон меҷанганд. Сирф аз назари технологя, вуҷуди “посухи шаффоф” эҳтимол дорад. Яъне манобеи молии муассири диаспораҳои арманиҳо имкон медиҳад, ки онҳо артиши ниёбатии “худӣ”-ҳоро гирд оваранд. Аммо гап дар сари мувофиқати ин масъалаҳо бо мақсад аст.

Ташдиди вазъ дар ростои Қарабоғи Кӯҳӣ ҳам барои Боку ва ҳам барои Ереван кӯчаи сарбастаи хунин ва замини сӯхта барои сокинони Ҷумҳурии Худхондаи Қарабоғи Кӯҳӣ аст. “Охур”-и ҷадид даҳҳо гурӯҳи террористӣ ва ҳазорон ҷангҷӯи ҷиҳодиро ҷалб мекунад, ки дар дарозмуддат “хоҷаҳо”-и ин гурӯҳҳоро дар ҷиҳати раҳоӣ аз онҳо ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои терроризми байналмилаӣ то чанде пеш Озарбойҷон ва Арманистон кишварҳои нисбатан муваффақ буданд.

В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите - Sputnik Тоҷикистон
Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

Ба иттилои ширкати амрикоии “Soufan Group”, ҳудуди 900 шаҳрванди Озарбойҷон (аз ҷумлаи аҳли тасаннун) дар суфуфи баъзе аз созмонҳои террористӣ дар амалиётҳои низомӣ дар Ховари Миёна мушорикат доштанд. Ва пас аз чаҳор амалиёти умдаи зиддитеррористии Хадамоти амнияти давлатии Озарбойҷон (ХАДО) оромӣ дар ин кишвар ҳукмфармост. Мақомоти амниятии ин кишвар “собиқадорони ҷиҳод”-ро оромона қабул мекунанд. Ва ҳеҷ гуна як ҳадафи бузург наметавонад ворид кардани ҷангҷӯёни суряии “муфид”-ро тавҷеҳ кунад.

То 27 сентябр Арманистон дар ҳадди поини осебпазирӣ аз терроризми фаромиллӣ қарор дошт. Ин кишвар дар ҳамдастӣ бо Русия оқибатҳои таҷовузи ДОИШ (созмони террористии мамнӯъ дар Русия),  дигар гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар Сурияро бартараф кард. Албатта, муборизаи кишварҳои узви СПАД бо терроризми байналмилалӣ ба мақсад мувофиқтар аст, на даъвати ҷангҷӯёни Ҳизби коргарони Курдистон ба унвони “нерӯҳои кумакӣ”.

Лентаи хабарҳо
0