Дар Тоҷикистон дар 20 соли охир ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле афзудааст.
Бояд гуфт, ки 93 дарсад қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар айни замон, масоҳати умумии барои зист мувофиқ каме бештар аз 140 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад ва тақрибан 5,5 километри мураббаъ барои зироаткорӣ мувофиқ аст.
Дар аввали моҳи январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 171,9 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд буданд. Нисбат ба соли 2014 шумораи онҳо 2,7 маротиба афзудааст.
Инчунин бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон тақрибан 60% қувваи кории кишоварзиро занон ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, дар тӯли 6 сол шумораи занони роҳбар тақрибан се маротиба афзудааст, имрӯз беш аз 38 ҳазор зан роҳбар шуданд.
Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO) дар Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки эътирофи нақши муҳими занон дар соҳаи кишоварзии кишвар ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар деҳот мусоидат хоҳад кард.
Трактор барои деҳқонон: Тоҷикистон ҳоло ҳам ба техникаи нави кишоварзӣ ниёз дорад
Аз рӯи миқдори маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи хоҷагиҳо, ҷои аввалро вилояти Хатлон ишғол мекунад.
Дар соли 2019 вилоят ба маблағи 14,4 миллион сомонӣ маҳсулот фурӯхтааст. Аз ин 10 миллион сомонӣ ба зироаткорӣ ва беш аз 4 миллион ба чорводорӣ рост меояд.
Дар ҷои дуюм аз рӯи истеҳсолот вилояти Суғд - 8,1 млн.
Хатлон инчунин дар истеҳсоли пахтаи хом пешсаф аст. Соли гузашта дар он ҷо зиёда аз нисфи пахтаи ҷумҳурӣ - зиёда аз 266 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шуд.
Инчунин бояд қайд кард, ки баъзе омилҳое, ки ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ халал мерасонанд.
Аз ҷумла гарон будани нархи техникаи кишоварзӣ, рушди сусти шабакаи миёнарав, низоми сусти қарздиҳӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин сатҳи пасти тайёрии соҳибкорон мебошад.