Ғайр аз картошка: дар Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон, тайи  6 моҳи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли ғалладонагӣ, харбуза ва навъҳои гуногуни мева 8,2% афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik.  Дар Тоҷикистон, аз аввали соли ҷорӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст, гуфт директори Агентии омори ҷумҳурӣ Гулнора Ҳасанзода дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеяш дар Душанбе.

Таджикский текстиль на выставке Сугд - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши содирот дар даврони коронавирус: мақомоти Суғд гуфт, ба хориҷа чӣ содирот мекунад

Ба иттилои манбаъ,  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусӣ то 9,39 миллиард сомонӣ (беш аз 911 миллион доллар) афзудааст, ки нисбат ба соли гузашта 8,2 фоиз зиёд мебошад.

Ҳасанзода изҳор дошт, ки истеҳсоли зироат 8,5% ва чорводорӣ 7,5% афзоиш ёфтааст.

Дар шаш моҳи соли 2020 дар кишвар қариб 606,5 ҳазор тонна ғалла истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2019 5,5% зиёд аст ва истеҳсоли гандум 6,1% афзудааст.

Дар мавсими нав тақрибан 200 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,2% камтар аст.

Дар баробари ин, истеҳсоли ҳама намуди сабзавот дар Тоҷикистон 15% ва харбуза 16,4% афзоиш ёфтааст.

Ҳосили мева 1,8% афзуда, деҳқонон 123,5 ҳазор тонна ҳосил ҷамъ оварданд. Масалан, себ 12,2 фоиз зиёд ва зардолу 0,7 фоиз камтар парвариш карда шудааст.

Истеҳсоли ангур дар ҷумҳурӣ 9,9% афзуда, 2,1 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Раиси Хатлон хост, кишоварзон корро аз Абдукаримов омӯзанд-акс

Қаблан хабар дода шуда буд, ки бо вуҷуди пандемияи вируси COVID-19, Тоҷикистон тавонист, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро 35,8% афзоиш диҳад.

Лентаи хабарҳо
0