Хатлон ба 9 давлати хориҷӣ беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кард

Обуна шудан
Аз вилояти Хатлон ба 9 кишвари хориҷӣ беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту мевагӣ ва полезиҳо содирот шуд

ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Афғонистон, Покистон, Туркия, Ироқ ва Аморати Муттаҳидаи Араб аз зумраи он кишварҳоянд, ки вилояти Хатлон беш аз 100 ҳазор маҳсулоти кишоварзияшро ба он ҷо содирот намуд, хабар медиҳад котиботи дастгоҳи раиси ин вилоят.

Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат: Тоҷикистон дар 8 моҳ ба маблағи 90 миллион доллар алюминии аввалия содирот кард

Шарофиддин Асомиддинзода мудири бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иброз доштааст, ки дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 115 дарсад иҷро гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти содиргардида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 246 тонна бештар аст.

Мақомоти Тоҷикистон гуфт, чанд миллион киловатт соат барқ ба Ӯзбекистон содирот мекунад

Шарофиддин Асомиддинзода  зикр намуд, ки имсол дар вилоят ҳосили фаровони пиёз ва дигар анвои сабзавоту мевагиҳо ҷамъоварӣ гардид. Ба хориҷи мамлакат асосан 92 867 тонна пиёз, 3723 тонна мева ва лимӯ, 2744 тонна ангур, 60 тонна полезӣ, 60 тонна каду ва 1443 тонна дигар анвои маҳсулот содирот шудааст.

Ёдовар мешавем, ки иҷрои дурнамои содиротро шаҳри Бохтар 193 фоиз, ноҳияҳои Ҷайҳун 135 фоиз ва Дӯстӣ 114 фоиз таъмин намуданд.

Лентаи хабарҳо
0