ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Парлумони Қирғизистон пас аз якдилона тасдиқ кардани номзадии Садир Жапаров ба мансаби сарвазири Қирғизистон ҳайъат, сохтор ва барномаи ҳукумати нави ин кишварро тасдиқ карданд.
Тавре Sputnik Қирғизистон гузориш медиҳад, дар ҳайъати ҳукумати нав, ки аз 18 мансабдор иборат аст, як тоҷики қирғизистонӣ Равшанбек Собиров муовини сарвазир зикр мешавад.
Қарори мазкур аз ҷониби парлумон ба президенти кишвар Сооронбой Жээнбеков барои имзо ирсол карда мешавад.
Равшанбек Собиров собиқ муовини раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ ва дар гузашта вазири рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.
Сабиров Равшанбек Азатович 50 сол дошта, 18 феврали соли 1970 дар ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Хатмкардаи Академияи гумруки Русия (1999) ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон аст.