ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Номзадии Садир Жапаров якдилона аз ҷониби вакилони Жогорку Кенеш ба симмати сарвазирӣ тасдиқ карда шуд.
Дар нишасти Жогорку Кенеш 83 вакил ҳузур доштааст, хабар емдиҳад Sputnik Қирғизистон.
Қарори парлумон акнун барои таъиноти ҳайъати ҳукумат ба президенти кишвар Сооронбой Жээнбеков равон карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки нахуствазири ҷадиди Қирғизистон ҳафтаи гузашта пас аз тасхири кохи давлатии ин кишвар ба дасти тазоҳуркунандагон, аз зиндон озод шуд.
Садир Ҷапаров дар соли 2017 ба ҷурми созмондиҳии раҳпаймоӣ ва гаравгонгирии остондори минтақаи Иссиқкӯл ба 11 - у ним соли зиндон маҳкум шуда буд.
Нахуствазири нави Қирғизистон: ман ҳалол ва шаффофу озод кор мекунам
Ҷапаров дар нишасти изтирории парламенти Қирғизистон барои мушаххас кардани нахуствазир гуфт, Сооронбой Жээнбеков Раисҷумҳурии ин кишвар низ ба маҳзи ин, ки намояндагони барнома ва сохтори давлатро тасвиб кунанд, омодаи истеъфо аст.