Натиҷаҳои ниҳоӣ эълон шуданд. Навбати маросими савганд ва... кобинаи нав

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон расман пирӯзи интихоботи президентии Тоҷикистон эълон шуд, аммо пас аз маросими савганд минҳайси президенти ҷадид ба кор шуруъ мекунад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар Комиссияи интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки тамоми ҳисоботҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот ба КМИР такмил шуда, марҳалаи натиҷагирӣ ва санадсозӣ ба анҷом расид.

"Бино ба онҳо, Эмомалӣ Раҳмон, номзади Федератсияҳои иттифоқҳои касаба, Созмони ҷавонон ва Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон расман пирӯзи ин сабқат аст”, - гуфтанд дар КМИР.

Бино ба муқаррароти қонун, КМИР то як ҳафта ва ҳадди аксар даҳ рӯз пас аз рӯзи интихобот фурсат дорад, ки натиҷаҳои интихоботро эълон ва дар расонаҳои давлатӣ катбӣ намояд.

Глава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов - Sputnik Тоҷикистон
Эълони натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президенти Тоҷикистон

Ба ҳамин минвол, пирӯзии президенти ҷадид расман таъйид шуд, аммо, тибқи моддаи 38 – и Қонуни интихоботи президентии Тоҷикистон, аз рӯзи дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон савганд ёд карданаш ба вазифа шурӯъ мекунад.

Дар Маркази матбуоти президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки маросими савганд пас аз эълони натиҷаи ниҳоии интихоботи президентӣ маълум хоҳад шуд.

Тибқи Конститутсияи Тоҷикистон, президент пас аз маросими савганд амалан ба анҷоми салоҳиятҳои худ шуруъ хоҳад кард ва аввалин кори ӯ таъйини кобинаи нави ҳукумат хоҳад буд.

Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси масоили ҳуқуқӣ, мегӯяд, тибқи қонун, салоҳияти таъйини кабинаи навро фақат президенти нав дорад.

"Азбаски президенти феълӣ дигарбора интихоб мешавад, эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки дар кобинаи нав бисёре аз вазиру раисони феълии ҳукумати Тоҷикистон дигарбора таъйин шаванд. Ҳамзамон ба ҷои онҳое, ки ба нафақа мебароянд ё ба ину он сабаб барканор мешаванд, афроди нав метавонанд сари кор оянд. Аз ҷумла имкон дорад, баъзе кадрҳои 4 ҳизбе, ки дар интихобот ҳамчун номзад иштирок карданд, низ ба вазифа расанд. Тағйиротҳо мешаванд, аммо тарзу усули куҳна боқӣ мемонад", - гуфт Шокирҷон Ҳакимов.

Тибқи моддаи 69 – и Конститутсияи Тоҷикистон, таъин ва озод намудани сарвазир ва дигар аъзои ҳукумат, кумитаҳо, раисони вилоёт, шаҳрҳо, ноҳия, раиси Бонки миллӣ, судяву прокурорҳо ва ғайраро президент шахсан ё бо иттифоқи Маҷлиси намояндагону Маҷлиси миллӣ анҷом медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0