Эълони натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президенти Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешГлава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов
Глава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии овоздиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik.  Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президенти Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" дар такя ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Интихоботи Президенти Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2020 бо иштироки 4 миллиону 238 ҳазору 839 интихобкунанда, ки 85,44% шумораи умумии интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилкардашударо ташкил дода, баргузоршуда дониста шуд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи овозҳои ба "тарафдорӣ" ва шумораи овозҳои "зид"-и ҳар як номзад додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи ниҳоии онро бо чунин нишондиҳандаҳо тасдиқ менамояд:

  • Абдуллоев Мироҷ Санонович –“тарафдор” 49 535 нафар (1,17%);
  • Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ –“тарафдор” 63 082 нафар (1,49%);
  • Латифзода Рустам Барот – “тарафдор” 128 182 нафар (3,02%);
  • Раҳматзода Рустам – “тарафдор”  90 918 нафар (2,14%);
  • Эмомалӣ Раҳмон – “тарафдор” 3 миллиону 853 ҳазору 987 нафар (90,92%).

Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаи ниҳоии интихобот бо гирифтани 3 миллиону 853 ҳазору 987 овози интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокнамуда, ки 90,92%-ро ташкил медиҳад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида мешавад.

"Ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад", - омадааст дар қарор. 

Лентаи хабарҳо
0