ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба гузориши сомонаи “Варзиш 3”, Федератсиюни футболи Португалия эълом кард, ки тести коронаи Криштиану Роналду мусбат баромад.
Ситораи маъруфи португалӣ, ки дар урдӯи тими миллии кишвараш барои бозӣ муқобили Швейтсария дар Лигаи миллатҳои Аврупо ҳузур дошт, ин бозиро аз даст хоҳад дод ва бояд ба карантин биравад.
Тибқи гузоришҳо Роналду феълан алоими бемориро надорад, вале аз ҳамтимиҳояш дар тими миллӣ ҷудо шудаву зери назари пизишкон аст.
Бояд қайд кард, ки тибқи омори СҶБ шумори мубталоён ба вирус корона КОВИД-19 дар олам ба беш аз 38 миллион нафар (38 081 367 ) расид.
Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои олам 93 ҳазору 968 нафар сироятшудагони нав ба қайд гирифта шуданд ва аз ин беморӣ 1 ҳазору 681 нафар фавтиданд.
Теъдоди ҷонбохтагон ба коронавирус аз оғоз ба 1 086 017 нафар расид.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ошкор шудани боз 38 мубталои нав ба коронавирус хабар дод ва навишт, ки шумори умумии сироятёфтагон ба ин беморӣ дар кишвар ба 10260 расидааст. То кунун 88,7% гирифторон муолиҷа шудаанд.
Шабонарӯзи гузашта дар 18 минтақаи Русия 13 ҳазору 592 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 ба қайд гиифта шудааст, ки дар 26,2% онҳо аломатҳои сироят дида нашудааст. Ҳамоно дар шаҳрҳои Москав (4395) Санкт-Петербург (538), Подмосковйе (440), вилоятҳои Ростов (274), Нижегород (271), Архангелск (242), Свердлов (218) ва Вилояти мухтори Ханта-Манси (208) сироятшудагони бештар сабт шудаанд.