Имрӯз мардуми Тоҷикистон барои 7 соли дигар президент интихоб мекунанд

© Sputnik / Sputnik, Амир ИсаевПарламентские выборы в Таджикистане
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон барои 7 соли минбаъда президенти нави кишварро интихоб мекунанд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар саросари кишвар 68 ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил гардида, аз соати 6-и субҳи имрӯз беш аз 3 ҳазору 100 қитъаҳои интихоботӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ҳудуди 29 кишварҳои хориҷӣ низ барои шаҳрвандони тоҷики муқими ин давлатҳо 68 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла дар Русия 5 қитъаи интихоботӣ боз шуд.

Эмблема Центральной избирательной комиссии Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Номзадҳо барои интихоботи президентӣ чӣ қадар маблағ масраф хоҳанд кард?

Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар шаҳрвандони тоҷик метавонанд то соати 20:00 раъй диҳанд.

Имрӯз дар бинои КМИР барои нозирону рӯзноманигорон оид ба ҷараёни овоздиҳии шаҳрвандон дар маъракаи интихоботӣ маълумот дода мешавад.

Дар маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ширкат меварзанд, ки инҳо аъзои аҳзоби сиёсии ба мансаби президентӣ номзад пешниҳодкарда, намояндагони Иттифоқи ҷавонон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар мебошанд.

Ғайр аз ин, комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ зиёда аз 258 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллиро низ сабти ном намудаанд, ки мониторинги ҷараёни овоздиҳиро анҷом медиҳанд.

Выборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год - Sputnik Тоҷикистон
Даҳ ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи президентӣ Тоҷикистон кумак хоҳанд кард

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварда аст.

Ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 5 нафар ба қайд гирифта шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0