Даҳ ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи президентӣ Тоҷикистон кумак хоҳанд кард

© SputnikВыборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год
Выборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълом кард, барои баргузории интихоботи президентӣ 11 октябр 10 ҳазор ҷавони довталаб ба кумаки комиссияи марказии интихобот хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, бо эъломи ин хабар дар нишасти комиссияи марказии интихоботи ин кишвар афзуд, ки ин 10 ҳазор нафар дар ҳама қитъаҳои интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт, то ба маъмурони интихоботӣ кумак кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон. 

Двое мужчин во время деловой встречи - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот имзоҳои зарурӣ ҷамъ карданд

Вай гуфт, 250 нафар аз ин довталабон ба забонҳои русӣ ва англисӣ мусаллат ҳастанд ва ба нозирони байналмилалии интихоботи президенти Тоҷикистон кумак хоҳанд кард.

Ин довталабон акнун машғули таҳияи феҳристи раъйдиҳандагон, сабти номи онон ва омодасозии маконҳо барои дидорҳои интихоботӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ мебошанд.

Бар асоси тасмими Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам  Латифзода номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади Ҳизби сотсиалист, Рустами Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр рақобат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0