ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сар задани садамаи маргбори нақлиётӣ дар масири ноҳияи Ховалинг хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 3 - юми октябр, тахминан соати 23:50 дақиқа дар маҳаллаи Сари - Мазор рух додааст.
ВУД мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Қурбонов Бобохуҷаи 32 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи Тутаки ҷамоати шаҳраки Ховалинг ба самти маркази ноҳияи Ховалинг, дар назди маҳаллаи Сари-Мазор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Садамаи маргбор дар роҳи Айнӣ - Панҷакент: ронанда ба дарахт бархӯрду мусофир ҳалок шуд
Таъкид мешавад, ки ронанда дар ҳолати сархушӣ қарор дошт.
Дар натиҷи мусофири автомобили мазкур Одинаев Умеди 41 - сола, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.