Фотима Султонӣ гуфтааст, ки пас аз фатҳи ин қулла мехоҳад ба Непал равад, чун орзу дорад баландтарини қуллаи ҷаҳон, Эверест (Ҷамолунгма)-ро фатҳ кунад.
"Мақсади асосии ман дар онаст, ки мехоҳам ба мардуми ҷаҳон нишон бидиҳам, ки занони афғон қавӣ ҳастанд ва метавонанд кори душвортаринеро, ки одатан мард мекунад, анҷмо диҳанд", - гуфт вай ба хабаргузории Reuters.
Ҳимчунин вай афзуд: “вақте ки ман фаҳмидам, ки занон аз кишварҳои хориҷӣ барои фатҳи қуллаҳои баланд ба ин ҷо меоянд, ман ба худ суол гузоштам,ки чаро занони афғон ин қуллаҳоро фатҳ карда наметавонанд?"
Фотима Султонӣ дар замони пандемияи вируси корона ором нанишастааст, ӯ моҳи августи соли равон дар қаторкӯҳои Ҳиндукуш дар шимоли Афғонистон як қуллаеро, ки баландиаш 7,492 метр аст, фатҳ кард.
Ӯ ҷавонтарин зан дар ҷаҳон дониста шуд, ки ин қуллаи баландро фатҳ кардааст.
Дар ин рӯзҳо гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) бо ҳукумати Афғонистон дар Доҳа сари сулҳ музокирот доранд, ин раванд бисёре занҳои афғонро хавотир кардааст.
Замоне, ки гурӯҳи Толибон дар солҳои 1996-2001 ҳукмронӣ мекард, онҳо таҳсили духтаронро дар кишвар манъ карда буданд ва намегузоштанд занҳо бидуни хешу табор ё хамсар аз хона бароянд.
Ҳоло Толибон мегуянд сиёсати онҳо тағйир ёфтааст, аммо бисёри занон аз ин шак доранд.
"Вақте ки ман ба кӯҳнавардӣ ворид шудам, ман медонистам, ки дар оянда ба мушкилот рӯ ба рӯ хоҳам шуд. Имкон дорад Толибон дар оянда ба варзиши занон халал ворид кунанд, аммо ба ҳар ҳол ман омодаам бо ин мушкилот рӯ ба рӯ шавам" - гуфт.
Фотима дар Кобул бо волидайн, хоҳари хурдӣ ва гурбачааш зиндагӣ мекунад. Падараш мегуяд ӯ аз дастовардҳои Фотима ифтихор мекунад, вале ӯ аз амнияти фарзандаш нигарон аст.
"Ман аз ин нигарон ҳастам, (Толибон) ба варзиши занон мухолифанд. Аммо ман ба Фотима гуфтам, ки занон дар ҳар намуди варзиш, ҳатто кӯҳнавардӣ, озод ҳастанд ва ман ӯро ҳамеша дастгирӣ мекунам" , - гуфт Абдулвоҳид Султонӣ.