ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон имрӯз, 14 август хабар дод, ки кӯҳнавардони дар суқути чархболи Ми-8 осебдида, дар бемористони Истиқлоли Душанбе бистарӣ шудаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, се тан аз ҷабрдидагон-шаҳрвандони Русия пас аз як рӯзи табобат дар бемористон ба Ватан интиқол ёфтаанд.
"Се кӯҳнавард ба ватанашон Русия баргаштанд. Ҳоло дар бемористон 9 тан аз ҷабрдидагони ин садама бисторӣ ҳастанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Табибон вазъи ду кӯҳнавардро, ки яке шаҳрванди Испания ва дигаре Русия ҳастанд, ваҳим арзёбӣ кардаанд.
" Табибони бемористони Истиқлол мегӯянд, ҳама чораҳои имконпазирро барои наҷоти ҷони захмиён меандешанд. Дар мавриди ҳоли 7 нафари дигар духтурон хушбинанд ва мегӯянд иддае хеле ба зудӣ аз бемористон хориҷ мешаванд", — афзудааст КҲФ.
Ёдрас мешавем пештар хабар дода шуд, ки садамаи чархбол 12 август соати 16:30 дар поёноби пиряхи Фортамбек дар минтақаи ноҳияи Лахши вилояти Хатлон рух додааст. Дар пайи ин ҳодиса се кӯҳнавард ва ду сарнишин ҳалок шуданд.