Ҳалокати даҳ кӯҳнавард дар навбатпоӣ барои тай кардани Эверест-видео

CC0 / Pixabay / Гора Эверест, архивное фото
Гора Эверест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ҳодисоти фоҷиабор нигоҳ накарда навбатпоӣ барои тай кардани Эверес (Ҷомолунгма) кам намешавад

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Кӯҳнавардон дар роҳ ба сӯи Эверест дар паи навбатпоӣ беҳол мешаванд. Кӯҳнаварди бритонӣ 150 метр роҳро пас аз тай кардани Эверест рафта ба ҳалокат расид. 

Ӯ пеш аз тай кардани қуллаи баландтарини ҷаҳон аз бад шудани аҳволаш шикоят кардааасту пас аз 45 дақиқаи бозгашт аз пой афтода дигар бар нахостааст.

Ба гузориши ВВС, кӯҳнаварди бритонӣ даҳумин қурбонӣ дар роҳ ба сӯи Эверест дар муддати ду ҳафтаи ахир аст.

Дар роҳ ба сӯи тай кардани қуллаи Эверест чаҳор шаҳрванди Ҳиндустон, як непалӣ, як варзишкори австриягӣ, яке аз Амрико ва ду сокини Ирландия ҷон бохтанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин фасл ҳукумати Непал шумораи рекордии роҳхат барои тай кардани Эверестро фурӯхтааст, ки боиси навбатпоии зиёд дар роҳ ба сӯи баландтарин қуллаи ҷаҳон шудааст.

Дар баробари ин боду ҳаво ҳам имсол номусоид аст ва боди сард тай кардани қулларо душвор мекунад.

Як роҳхат барои тай кардани қуллаи Ҷомолунгма 11 ҳазор доллар нарх дорад.

Лентаи хабарҳо
0