Номзадҳо дар шаҳри Душанбе ба зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни чӣ ваъда доданд?

© Sputnik / Стас ЭтвешИтоговая пресс-конференция Миссии наблюдателей от СНГ после выборов
Итоговая пресс-конференция Миссии наблюдателей от СНГ после выборов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран вохӯрии навбатии номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар вохӯрӣ зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни пойтахт иштирок намуда, бо муҳтавои барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо шинос шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории давлатии АМИТ “Ховар”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода таъкид намуд, ки боз ҳам баланд бардоштани мавқеи бахши аграрӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва озод кардани соҳаи кишоварзӣ аз андоз, баланд бардоштани нафақаи кишоварзон то сатҳи нафақаи миёнаи ҷумҳуриявӣ дар меҳвари барномаи пешазинтихоботиаш қарор дорад.

Выборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год - Sputnik Тоҷикистон
Даҳ ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи президентӣ Тоҷикистон кумак хоҳанд кард

Абдуҳалим Ғаффорзода номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб, рушди соҳаи саноат бо роҳи баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир аз тадбирҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар Барномаи пешазитихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонон ва ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби шахси боэътимод Аброр Мирсаидов муаррифӣ карда шуд, таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии мамлакат ва баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон: барои иштирок дар интихобот 260 ҳазор имзо ҷамъ кардем

Номзад ба  мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Рустам Раҳматзода дурнамо ва самтҳои таҳкими вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишавар, дастгирии ҷавонон ва дастрасии онҳо ба манзилро, ки дар барномаи пешазинтихоботиаш дарҷ ёфтааст, ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла таъкид гардидааст, ки таъсиси бозори ширкатҳои идоракунанда бо мақсади ғайриинҳисоркунонии хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ, созмондиҳии ширкатҳои идоракунандаи нав ҳамчун корхонаҳои маҳаллӣ дар шакли ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшида бо иштироки аҳолии минтақа ҳамчун саҳҳом зарур аст.

Номзад Мироҷ Абдуллоев, аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботии худ диққати асосиро ба ҳамоҳангсозии сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои кишвар, беҳтар кардани инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии давлатӣ ва боз ҳам боло бурдани мақому манзалати занон равона намудааст. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҷониби шахси боэътимод Заррагул Мирасанова муаррифӣ карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон санаи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Номзадҳо аз ҳозирин хоҳиш карданд, ки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намоянд.

Лентаи хабарҳо
0