ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ҳайко Маас, вазири умури хориҷии Олмон ҳангоми як нишасти матбуотии ахир талаб кард ба танқиди хулосаҳои заҳролудшавии блогер бо “Новичок”-ро анҷом диҳанд, чунки гӯё кадом як озмоишгоҳои мустақили Фаронса ва Суэд хулосаҳои мутахассисони бундесверро тасдиқ карданд. Озмоишгоҳҳо ҳам “кадом якеанд” - чунки маълумот дар бораи онҳо низ махфӣст.
Талаби вазир иҷронашаванда ба назар мерасад. Аммо ин раванд метаваонад натиҷаи бараксаш дошта бошад, чунки худи Алексей Навалний мақомоти Олмонро дар як вазъияти ногувор қарор додааст.
Нашрияи New York Times бо истинод ба намояндаи олирутбаи идораҳои мудофиаи Олмон хабар дод, ки баъд аз беҳтаршудани саломатиаш Навалний тасмим гирифтааст ба Русия баргардад фаъолияти худро давом диҳад.
Агар маълумоти рӯзнома саҳеҳ бошад, фақат метавонем барои оқои Навалний шод бошем, чунки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ фикри солим дорад. Пизишкон аз ҳолати саломатиаш нигарон буданд ва фикр намекарданд, ки ӯ тавонад ба Русия баргардад.
Дар давоми даҳсолаҳои охир Русияро чеҳраҳои бисёри намоён тарк карданд. Ҳама вақт натиҷа якхел буд: онҳо ба оммаи муҳоҷирон дохил мешуданд ва эътибори худро гум мекарданд. Онҳо дар баробари онки мавқеи муборизи Кремл мегиранд, онҳо имкониятҳои молиявиро аз даст медиҳанд, — ҳақиқатан нафарони сарватманд ба монанди Михаил Ходорковский чандон зиёд нест.
Ҳама чизе ки аз дасти онҳо меояд ин бо хашму ғазаб аз хоначаҳое, ки дар Прага, Рига ё Лондон воқеъ аст, дар шакабаҳои иҷтимоӣ навиштан аст.
Ин ба онҳо бояд дарси ибрат шавад. Ҳар сол мавзӯи “ман барои ҳамешагӣ Русияро тарк мекунам, ва бигзор ин кишвар бидуни ман пош хӯрад” камтар шунавида мешавад.
Лекин Алексей Навалнийро чунин натиҷа қонеъ карда наметавонад. Ғайр аз он, ки ӯ аз ҳама мухолифи машҳури Русия дониста шуд, балки ӯ низоми самараноки коркардани пулро аз тарафдоронашро ташкил дод. Дар давоми солҳои охир ин кор ба ӯ фоидаи зиёде овард ва сатҳи зиндагии баландашро таъмин сохт— аз истироҳати оилавии мунтазам дар истироҳатгоҳҳои қиммати хориҷӣ сар карда то таҳсили духтараш дар донишгоҳи Стэнфорд.
“Блогер бешубҳа ягон хоҳиши партофтани “чизҳои меҳнаткардаи” худро надорад ва мисли Скрипали дуюм шудан намехоҳад, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Бритониё ба ҷои зиндагии бароҳат дар шаҳри қадими Солсбери ба як ҷойи дурдаст интиқол шудааст,— ин ҳама барои давом додани афсонаҳо дар бораи наҷоти ӯ аз дасти қотилони ГРУ".
Аммо дар ин ҷой манфиатҳои шахсии Алексей Навалний ва нақши бемории ӯ аз тарафи Ғарб бо ҳам намепайванданд.
Ғайр аз ин: ӯ ҳангоми баргашт ба ватан бояд маълумотномаро дар бораи хулосаи ташхисашро биёрад. Албатта тарафи мақомоти Олмон ба Маскав ягон маълумот дар бораи тасдиқи тахшисашро намедиҳанд. Прокуратураи генералии Русия як дархости дигар барои тафтиши қазияи беморшавии блогерро ба ҳамкорони олмонӣ равон кардааст, аммо аз тарафи Олмон то ҳол ҷавобе нарасидааст. Лекин агар блогер маълумотномаро аз беморхонаи “Шаритэ” биёрад, ин ба мақомотҳои салоҳиятдори Русия маълумоти бисёр ҷолиб хоҳад буд.
Дар умум хоҳиши бозгашти ҳатмии Алексей Навалний ба Русия олмониҳоро ба вазъияти мушкил рӯ ба рӯ кардааст, чунки ин метавонад бемаънигиҳои ҳафтаҳои охирро комилан рад кунад.
Воқеан, ин аз ин вазъияти шабеҳ Бритониё беҳтар исттифода кард. Қобили қайд аст, ки ҳатто Лондон ҳадди ақал камтарин озодии баёнро ба ӯ таъмин накард ва нагузошт, ки Скрипал бо хабарнигорон ё дипломатҳо суҳбат кунад.
Ғарб ба ҷанги худнобудкунӣ тайёр аст
Розӣ кардани Алексей Навалний барои тарки ватане, ки дар онҷо ӯ ба ҳайси як мухолии давлат шинохта мешаваду зиндагии шик дорад, барои олмониҳо вазифаи бисёр мушкил аст.
Бозгашт ба Русия натиҷаҳои ногуворро барои Берлин оварда метавонад.