Ин иштибоҳ аст: дар Олмон манъи сохтмони Маҷрои Шимолӣ-2”-ро маҳкум карданд

Обуна шудан
Сиёсатмадорони Олмон манъи сохтмони Маҷрои Шимолӣ-2”-ро як иштибоҳи бузург медонанд. Ба гуфтаи онҳо манъи сохтмон ба манфиатҳои Олмон ва Аврупо зарарӣ ҷиддӣ мерасонад

Клаус Эрнст, роҳбари кумитаи масоили иқтисодӣ ва энержии парлумони Олмон таъкид доштааст, ки манъи сохтмони "Маҷрои Шимолӣ-2” иштибоҳ аст.

Лаҳистон ва Украина бар зидди сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” муттаҳид шуданд - Sputnik Тоҷикистон
Лаҳистон ва Украина бар зидди сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” муттаҳид шуданд

“Ин барномаи Путин нест. Ин барномает, ки дар он аз ҷумла теъдоди зиёди ширкатҳои аврупоӣ иштирок доранд. Ин ширкатҳои аврупоӣ амнияти таъмини гази Арупоро бар душ доранд. Идомаи сохтмони “Маҷрои Шимолӣ-2”-ро зери суол гузоштан – ин зарба задан ба худ аст. Дақиқ метавонам гӯям, ки ин ба манфиати на Олмон асту на Аврупо” , таъкид дошт Клаус Эрнст.

Дар ҳамин ҳол, ахиран вазири умури хориҷии Олмон эълон кард, ки агар Русия масъалаи заҳролуд шудани мухолифи ҳукумат Алексей Навалнийро шарҳ надиҳад, кишвараш саъй мекунад, то ба зидди Маскав таҳримоти нав ҷорӣ намояд.

Ҳейко Маас дар ин бора дар як мусоҳибае, ки рӯзномаи “Билд” ишора кардааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия борҳо бо таъкид гуфтаанд, дар заҳролуд шудани Алексей Навалний даст надоранд.

Аммо Ҳейко Маас, таъкид дошт, ки агар Русия дар маълум кардани ҳодиса кӯмак накунад, мо маҷбур мешавем, бо шарикони худ аксуламал ба онро баррасӣ кунем.”

Вазири Олмон доир ба тағйири эхтимолӣ дар сиёсати кишвар дар робита ба тарҳи лӯлаи гази “Маҷрои Шимолӣ-2” суҳбат кардааст. Лӯлаи мазкур, ки тақрибан такмил шудааст, гази Русияро мустақим ба Олмон мерасонад.

“Маҷрои шимолӣ-2”: чӣ гуна кӯшиши қатъи сохтмони лӯла барои Трамп номуваффақи овард? - Sputnik Тоҷикистон
“Маҷрои шимолӣ-2”: талоши Трамп дар қатъи сохтумони лула ба нокомӣ анҷомид

Олмон зери фишори Амрико қарор гирифтааст, то аз ин тарҳ даст кашад, вале Ангела Меркел қаблан гуфтааст, набояд парвандаи Алексей Навалнийро ба тарҳи мазкур вобаста кунанд.

Ба қавли Ҳейко Маас, дар сурати даст кашидан аз тарҳ, бисёре аз ширкатҳои Олмон ва Аврупо осеб мебинанд, вале мумкин аст, таҳримоти хосу маҳдуде ба зидди он эъмол карда шавад.

Ёдрас мешавем, ки Алексей Навалний санаи 20-уми июл дар ҳавопаймо бемор шуд ва ҳавопаймо ба таври фаври дар фурудгоҳи шаҳри Омск фуруд омад. Сипас оқои Навалний зуд ба беморхонаи шаҳри Омск интиқол дода шуд. Баъд аз як ҳафта мухолиф ҳукумат ба Олмон интиқол дода шуд ва табибон баъд аз гузаронидани ташхисҳо гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-солаи рус заҳролуд шудааст.

Аммо то ҳол, табибони Олмон далелеро, ки оқои Навалний аз чӣ ва чигуна заҳролуд шудааст, пешниҳод накардааст.

Лентаи хабарҳо
0