ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Берлин эълон кардааст, ки аксуламали Олмон ба заҳролудшудани Алексей Навалний, ки метавонад ба сохтмонӣ “Маҷрои шимолӣ - 2” таъсир расонад, аз Русия вобастагӣ дорад.
"Мо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем кард ва дар вақти муносиб қарорро қабул хоҳем кард. Русия бо иштироки худ дар тафтиш ин масъала метавонад саҳми худро барои қабул накардани чунин қарор (дар бораи қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2”) гузорад", — гуфт, Хайко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон.
Яъне муносибатҳои минбаъдаи Русияву Олмон аз Кремлин вобастагӣ дорад?
Аммо дар ҳақиқат мақомоти Олмон бо интихоби таърихӣ рӯ ба рӯ шудаанд — иқдомҳои онҳо дар замони наздик натиҷаҳои мӯҳими таърихиро барои оянда муайян месозад. На барои муносибатҳои Русияву Олмон, балки барои ояндаи худи Олмон, яъне ояндаи тамоми Аврупо.
Чунки қазияи Навалний — ин ҳоло як санҷиш барои Русия нест, балки як санҷиш барои Олмон ва лоиҳаи аврупоияш аст. Заҳролудшудани Навалний (агар он воқеъият дошта бошад) як ҳодисаи норушан аст, аммо кӯшишҳои истифода бурдани ин ҳодиса барои ба ҳадафҳои геосиёсии худ расидант муайян аст. Олмонро меҳоҳанд маҷбур кунанд, ки сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2”-ро қатъ кунад. Агар Олмон аз сохтмони ин лоиҳаи қариб ба анҷом расида даст кашад, оқибатҳои ногувореро дар пай хоҳад дошт. Олмон барои сохтмони ин лоиҳа даҳ миллиард евро масраф кардааст, ки барои иқтисоди ин кишвар чандон зиёд нест. Гази Русия бе ин ҳам тариқи қаламрави Украина ба Аврупо содирот мешавад. Аммо дар ин сурат Олмон обрӯяшро аз даст медиҳад.
Русҳо аз мустақилияти Олмон комилан ноумед мешаванд ва англосаксҳо ба монанди қарнҳои пеш дарк мекунанд, ки метавон олмониҳоро фиреб дод. Аксарияти аврупоиҳо (аз ҷумла Итолиё ва Австрия, ки дар ин лоиҳаҳа ҳамроҳ бо Русия иштирок доранд) мефаҳманд, ки Берлин ба манфиатҳои умумиаврупоӣ аҳамият намедиҳад. Муҳим он аст — олмониҳо дарк хоҳанд кард, ки истиқлолияти худро то ҳол барнагардонданд. Хулоса, арзиши ҷавоби ниҳоии Олмон оид ба заҳролудшудани Навалний хеле зиёд аст, аз ҷумла барои худи Олмон.
"Маҷрои шимолӣ - 2" — ин ба монанди як рамз аст. новобаста аз гуфтаҳои Маас, Русия наметавонад ба Берлин кумак кунад: ягон тафтиши мо дар бораи заҳролудшудани Навалний мақомоти Олмонро аз тамимҳои гирифтаи худашон қонеъ намекунанд.
Ин қарор ҳатто аз ҷорикунии таҳримҳои зидди Русия пас аз ҳодисаҳои Қрим муҳимтар мебошад. Солҳои охир Берлин ба кӯшишҳои қатъ кардани “Маҷрои шимолӣ-2” аз тарафи англосаксҳо ва пайравҳои Аврупои шарқӣ мубориза мебурд. Онҳо баҳона мекарданд, ки баъд аз анҷоми ин лоиҳа Украина аз ҳисоби транзити газ бе даромад мемонад (Чигуна мо амалиёти ҷудокуняшро аз Русия давом диҳем?). Ҳангоме, ки бо Маскав дар бораи боқӣ мондани қисми транзити тариқи Украина ҳал шуд, суханҳо боз дигар шуданду боз гуфтанд чаро аз кишвари золиме, ки мардуми худро азоб медиҳад ва дар Аврупо аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода мекунад(ҳбарои мисол “парвандаи Скрипалҳо”) газ бизарем. Ба гуфтаи онҳо ин рафтори бадахлоқона аст. Сипас сухан дар бораи он рафт, ки Олмон барои амнияти худ ба амрикоиҳо, ки онҳоро из русҳо ҳимоят мекунанд, маблағи кам ҷудо кардааст, вале барои хариди гази Русия пул доранд.
Дар Берлин ба ҳами ин суханон гуш медоданду сохтмони лулаи газро идома медоданд. Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд ва муносибатҳо бо Амрико боз ҳам мушкилтар шудаанд — дар ин ҳолат мақомоти Олмон бояд манфиатҳои миллии худро ва ҳаққи худро барои роҳбарикунии Аврупои воҳид ҳимоят мекард. Илова бар ин сиёсатшиносони олмонӣ дарк карданд, ки аксарияти мардум мушкилоти аслиро дар симои Амрико медиданд на Русия — яъне бояд ба фишор муқовимат мекарданд.
Кӯшиши пайвастани тақдири “Маҷрои шимолӣ-2” бо қазияи Навалний аз аввал ҳамчун як иғвои навбатие,ба назар мерасид, ки аз он Берлин худро ҳимоят хоҳад кард. Аммо дар се ҳафтаи охир дар расонаҳо ва доираҳои сиёсии Олмон сарусадоҳои зиёде ба миён омад — ба назар мерсад, ки ҳиссиёт аст, ки атлантиҳо тамоми нирӯи худро ҷамъ кардаанд.
Йошка Фишер, собиқ вазири корҳои хориҷӣ дар бораи, “барои тиҷорат бо диктатурҳо кадом арзиш ахлоқиро бояд пардохт кард” изҳори андеша кард ва хостори қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шуд:
“Ҳукумати федералӣ иштибоҳи сахти стратегӣ кард, вақте ки худсарона ба Русия дар сохтмони ин лулаи гази кумак кард, новобаста аз он, ки дар дохили Аврупо зиддият мавҷуд буд. Акнун мо мебинем мо ба куҷо расидем: зарари сиёсию иқтисоди хеле зиёд аст”.
Фишер савол медиҳад:
“То чӣ андоза тавсеаи доимии ҳамкорӣ бо ингуна шарик, ҳамчун Русия, аз нуқтаи назари имкониятҳои дарозмӯҳлат оқилона аст? Ман фикр мекунам ин дуруст нест. Мо аллакай медонем бо кӣ сару кор дорем!”
Бо кӣ? Номбаркунии “суиқасдҳое, ки ба заҳролудшудани Навалний монанданд” оғоз мешавад — заҳролудшудани Скрипалҳо, “қатли чечен дар маҳаллаи берлинии Тиргартен, ки дар Олмон паноҳ бурда буд”. Ва ҳатман, “куштори мухолифин дар Маскавро илова кунед”:
“Ба ҳисоби ин ҷиноятҳо мо дар бораи он, ки то кадом дараҷа мо метавонем ба шарики худ бовар кунем, ки барои онҳо куштори сиёсӣ ҳамчун қонун мебошад бояд фикр кунем. Ман бар онам, ки набояд масъалаи “Маҷрои шимолӣ-2”-ро дубора аз қавс бароварда шавад”.
Йохан Вадефул, муовини раиси фраксияи “Иттифоқ”-и бундестаг аз Герхард Шредер, собиқ раиси Фишер, талаб намуд, ки ӯ дар ин қазия тарафи кист ва пешниҳод кард ӯ вазифаю мақомаш дар Русия (дар ширкати “Норд-Стрим ва “Роснефт”)” даст кашад:
“Агар ҷаноб Шредер то ҳол номуси сиёсӣ дошта бошад, ӯ бояд ҳамкории оянда бо ширкатҳову муассисаҳое, ки зери дасти ин ҳукуматанд, даст кашад”.
Геринг-Эккардт, роҳбари фраксияи “Иттиҳоди-90/Сабзҳо” аз Шредер интиқод кард: собиқ канслер ҳозир бояд интихоб кунад, ки ӯ тарафдори демократия ва ҳуқуқи инсон аст ё на.
Сиёсатмадорони Олмон оқои Шредерро барои бадахлоқ донистанд: чигуна ту бо ин одамкушҳо кор мекуни? Он чизе, ки “одамкуш” меноманд, аллакай муайян аст — аммо дар байни сиёсатмадорони олмонӣ бисёр нафароне ҳастанд, аз танқиди беасоси Кремлин пуштибонӣ мекунанд.
Сара Вагенкнехт, собиқ роҳбари “Чапҳо” гуфт, ки касе муқобили сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” мебошад бояд дар бораи дигар кишварҳои содиркунанда низ назари шабеҳ дошта бошад ва аз онҳо низ аз оқибатҳои оянда талаб кунанд.
“Ҳатто агар Кремл барои ин кор масъул мебуд (то ҳол касе далеле наовардааст) ин аз қатл ё пора пора кардани мухолифине, ки Арабистони Саудие, ба мо нафташро содир мекунад бадтар нест. Амрико аҳолии осоиштаро бо силоҳи худ мекушанд ва зиёда аз ҳазор маротиба инро карданд. Аммо Амрико ба мо гази худро мерасонад. Ин ҳам бадкорӣ нест”.
Ин на танҳо стандартҳои дугона ҳастанд — дар қазияи Навалний суханҳои беасос на танҳо дар бораи гуноҳи мақомоти Русия ҳаст, балки далели худи заҳролудшавӣ низ норушан аст. Мақомоти олмонӣ қасдан ба дархостҳои Вазорати хориҷаи Русия то ҳол ҷавобе надодаааст. Сергей Лавров, вазири хориҷа маҷбур шуд на танҳо дар бораи “муносибати тамоман ношоиста ба дархостҳои расмӣ”, балки дар бораи “оҳанги комилан номақбули”,-и Берлин ҷомеаи ҷаҳонро дар бораи “даст доштани Русия” шарҳ дишад.
Баёноти ВКХ Русия аз ин ҳам сахтанд. Ин тавр, вазорат ба сафир Гезе фон Гайр бо сабаби изҳороти ҳукумати Олмон эътирози қатъии худро баён кард — “Талаботи қатъиро ва танқидҳои беасосро ба сӯи кишвари мо пешниҳод кардан номумкин аст”, — аммо огоҳ кард: агар Берлин ҳуҷҷатҳои мулоҳизаҳои тиббии “пизишкони бундесверро” пешниҳод накунад, Маскав инро ҳамчун раддияи ҳукумати Олмон аз муайян кардани ҳақиқат ва тафтиши бетарафона хоҳад донист.
“Дар ин ҳол амалиёти Олмон ҳамчун иғвои душмании дағалонаи зидди Русия ба ҳисоб меравад, ки ба муносибатҳои Русияву Олмон таъсир хоҳад расондва вазъияти байналмилалиро хеле мураккаб хоҳад кард”.
Ин огаҳӣ — ин як чизе ки Русия ҳамчун ёрӣ ба ҳукумати Олмон мекунад. Дар ин ҳол, вақте, ки Берлин қарор дар бораи “ҷазои Русия” аз пушти Навалний қабул карда мешавад, онҳо бояд на танҳо дар бораи муносибатҳои Русияву Олмон фикр кунанд, балки дар бораи ояндаи худи Олмон, роҳҳо ба соҳибихтиёрияш ва масуълият аз болои тамоми Аврупо (охир ин ҳадафи асосии сиёсати олмонӣ аст). арзиши иштибоҳ хеле зиёд - на барои Русия, балки барои худи давлати бузурги ғарби мо.