ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон аз ҳаҷми маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда дар ҳафт моҳи соли равон бештар аз ду маротиба зиёдтар аст, менависад "Авеста" бо истинод ба Вазорати молияи кишвар.
Тибқи омор, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 1 миллиарду 506,2 миллион доллар ва ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 миллиарду 96,1 миллион долларро ташкил додааст.
Аз ин маълум мешавад, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон аз ҳаҷми маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшуда аз соли равон бештар аз ду маротиба зиёдтар аст.
Ҳамин тариқ, агар қарзи хориҷии Тоҷикистонро тақсим кунем, пас барои ҳар як сокини кишвар 330 доллар рост меояд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ тақрибан 164,5 доллар ба як нафар мерасад.
Ин нишондиҳанда бо назардошти аҳолии ҷумҳурӣ ба даст оварда мешавад, ки айни замон он аз 9,3 миллион нафар зиёд аст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон то охири соли равон ба маблағи умумии 220 миллион доллар гирифтани қарзро пешбинӣ кардааст ва дар тӯли се сол мақомот ният доранд, ки дар умум 1 миллиард доллар маблағҳои хориҷиро ҷалб кунанд