ДУШАНБЕ,3 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон, тибқи Барномаи қарзгирии давлатии хориҷии Тоҷикистон то соли 2022, ҷалби қарзҳои беруна ба маблағи умумии 1 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба Вазорати молияи Тоҷикистон.
Ҳамзамон, Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 тақрибан 115 миллион доллар сарф кардааст.
Аз ин миқдор, тақрибан 76,5 миллион доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва беш аз 38 миллион доллар барои фоизҳо сарф шудааст.
Ҳамин тариқ, ҳаҷми қарзи корхонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон бидуни грантҳои ҳукумат 31,5 миллион долларро ташкил дод.
Ин қарз ба ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар дохил карда мешавад ва маблағҳоро корхонаҳои алоҳидаи давлатӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ ҷалб мекунанд.
Тибқи маълумоти Вазорати молия, қарзи хориҷии ҷумҳурӣ то кунун ба 3 миллиарду 96,1 миллион доллар мерасад, ки 36,1% ММД-ро ташкил медиҳад.
Боз қарз: Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон 189,5 млн. доллар дод
Ёдовар мешавем, қарздиҳандагони асосии Тоҷикистон “Эксимбонк” -и Чин - зиёда аз 1,1 миллиард доллар, Бонки Ҷаҳонӣ - 338,5 миллион доллар ва Бонки Осиёии Рушд -278,3 миллион доллар мебошанд.