ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. "Ифротгароён минбаъд низ бомба меандозанд, ба аҳолии осоишта ҳамла мекунанд ва душманиро бармеангезанд", — ҳушдор дод Барак Обама зимни эълони худ, дар бораи ба итмом расидани амалиёти низомӣ дар Ироқ, менависад РИА Новости.
Такмил дар “меҳвари бадӣ”
“Дар ин соатҳо, нерӯҳои эътилоф амалиёти низомӣ барои халъи силоҳи Ироқ, озод кардани аҳолияш ва муҳофизати ҷаҳон аз хатари ҳалокатовар оғоз мекунанд” — бо ин сухани президенти Ҷорҷ Буши хурдӣ 19 марти соли 2003 ИМА ба Ироқ ҳуҷум карда даромад.
Пас аз якуним соат, “Томагавк”-ҳо, ки дар баҳр ҷойгир буданд, аз Халиҷи Форс ба хадафҳои аввал зарба заданд ва эътилоф ҳуҷумро аз сарҳади Кувайт сар кард.
Барои Иёлоти Муттаҳида ин як қадами дигар ба сӯи ҷанг бо терроризми байналмилалӣ буд, ки баъд аз терактҳои 11 сентябри соли 2001 эълон карда шуд.
Ҷангҷӯёни “Алқоида” он рӯз тақрибан 3000 нафарро ба қатл расониданд. Ҷорҷ Буш ба мардуми худ ваъда дод, ки гунаҳкоронро меёбад ва ба ҷазо медиҳад. Ҷанг дар Афғонистон ба дастгир кардани “террористи рақами як” Усома Бен Лоден наовард. Аммо амрикоиҳо ба роҳбари дигар гузаштанд — Саддом Ҳусейн. Онҳо исрор карданд, ки тибқи маълумоти иктишофӣ (баъд ошкор шуд, ки ин нодуруст буд), ӯ ба террористҳо ёри мерасонд.
Ба амалиёти низомии нав ҷамъияти амрикоиро пешакӣ тайёр карданд. Ҷорҷ Буш моҳи январи соли 2002 якум бор оид ба такмили як банди дигар ба “меҳвари бадӣ” сухан ронд. Моҳи сентябр ӯ аз минбари Маҷмаи Умумии СММ таҳдид кард, ки агар Ҳусейн халъи силоҳ накунад, ҷанг ногузир мешавад.
Дере нагузашта, Конгресс қарорро барои имзо ба президент равон кард, ки истифодаи зӯрӣ зидди Ироқро иҷозат медиҳад, ва Сенат афзоиши хароҷоти низомиро ба миқдори рекордии 37,5 миллиард доллар то 355,1 миллиард тасдиқ кард.
Моҳи январи соли 2003 Буш изҳор кард: хадамоти иктишофи ИМА далел дорад, ки Саддом Ҳусейн аслиҳаи қатли омро пинҳон мекунад, аз ҷумла спораҳои ангезаи сиёҳзаҳм (“сибирская язва”). Ва агарчанде ки дар ниҳоят танҳо силоҳи кимиёвии аз солҳои 1980-ро боқимондаро, ки барои зарар дар миқёси калон бекора буд. Ин баҳонаи расмии амалиёти “Озодии ироқӣ” шуд.
Ҳамлаи сареъ
“Онҳое, ки бо бадӣ омадаанд, душманони Худованд, ватан ва инсоният, номаъқул карданд ва ба кишвару мардуми мо ҳамла карданд”, — радиои Ироқ рӯзи ҳуҷум эълон кард. Дере нагузашта, Саддом Ҳусейн фирор кард ва минбаъд тавассути сабтҳои аудиоӣ ба мардум муроҷиат мекард.
Қӯшунҳои ИМА ва Бритониё назар ба лашкари ироқӣ хеле боқувваттар буданд. Дар тӯли чанд ҳафта мудофиаи шаҳрҳои Басра, Кербела, Киркук ва Мосул зери ҳамлаи эътилоф шикаст хӯрд ва 14-ми апрел зодгоҳи С. Ҳусейн – шаҳри Тикритро ҳам гирифтанд.
Марҳилаи фаъоли амалиёт 26 рӯз давом ёфт ва 1 майи соли 2003 тамом шуд. Ишғол ва шикори тӯлонии Саддом Ҳусейн оғоз ёфт.
Ӯ баъд аз нӯҳ моҳ дар вақти супориши “Субҳидами сурх” дастгир карда буд. Навори кашолакунии Ҳусейни парешон ва бетартиб дар наздикии шаҳри Тикрит дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Дар назди ӯ таппончаи холӣ буд, ки пас аз ин Ҷорҷ Буш онро ҳамчун ғанимат нигоҳ медошт ва ҳам ҷомадон бо 750 ҳазор доллар.
Баъди ду сол, собиқ президент ба дор овехтан ҳукм шуд. Аммо, ҷанг тамом нашуд. Мавҷи ҷабри байни мазҳаб Ироқро фаро гирифт.
Расонидани кӯмак
“Ироқ яке аз давлатҳои мураккабтарини ва гуногунранги минтақа мебошад. Амрикоиҳо бисёр мушкилиҳоро ошкор карданд, на фақат дар сатҳи байнимазҳабӣ, балки дар сатҳи “шаҳри мутамаддин” ва қисми қабилавии ҷомеаи Ироқ, биёбон”, — ишора мекунад Руслан Мамедов, раиси барномавии Шӯрои корҳои байналмилалии Русия.
“Як чиз дар қабати дигар гузошта шуд, ва дар охир сохтори давлатии беамал ташкил шуд, ки баъд аз ҳамлаи ИМА бо мушкилиҳои зиёд бархӯрд. Онҳоро мустақилона бартараф кардан наметавонистанд”.
Пас аз оромии нисбии соли 2004 муқовимати ақаллияти суннӣ, ки дар замони Саддом Ҳусейн дар сари қудрати давлатӣ буд, бо аксариати шиъа ва курд шиддат гирифт.
Як сол пас, аввалин бор дар 50 сол, гарчанде ки ҷангҷӯён ҷойгир кардани мерганҳоро (снайперҳоро) дар назди участкаҳои интихобот таҳдид карданд, интихоботи парлумонии бисёрҳизбӣ баргузор шуд. Аммо сунниҳо интихоботро амалан бойкот карданд. Лекин тавонистанд ҳукумати интиқолиро ташкил кунанд, ки бояд конститутсияи (сарқонуни) навро пешниҳод мекард.
Ин раванд аз ҳакарат монд, бо сабаби ихтилофи байни аҳолии суннӣ, шиъа ва курд. Сунниҳо аз дурнамои сохти федералии кишвар, барҳамдиҳии ҳизби “Баас” ва дигар муқаррароте, ки бештар ба манфиати шиаҳо ва курдҳо буданд, қаноатманд набуданд. Аммо конститутсия қабул карда шуд ва ҳам парламенти нав ташкил карда шуд. Вале ин кишварро аз хушунат ҳифз накард.
Сунниҳо, ки одатан ба қисми асосии яккачини сиёсии кишвар, аз ҷумла Саддом Ҳусейн, мансуб буданд, намехостанд аз қудрати худ даст бардоранд. “Яккачини нави сиёсӣ, аслан, бо ИМА гузошта шуданд. Падару падаркалони онҳо дар давраи подшоҳӣ то соли 1958 мансабҳои муҳимро ишғол мекарданд. Онҳо бо ҷомеа иртибот надоштанд”, — шарҳ медиҳад Мамедов.
Хунрезӣ идома ёфт, шаҳрвандон мефавтиданд ва аз кишвар мегурехтанд. Соли 2007 Буш ба Ироқ 21 500 сарбози дигарро фиристонд ва стратегияро бознигарӣ кард. Стратегияи нав “Мавҷи калон” ном монда буд. Дар назар доштанд, ки вай ихтилофи мазҳабиро хомӯш мекунад, аммо ба ягон натиҷа наовард. Охир, ҳатто минтақаи муҳофизатшудаи Бағдод – “минтақаи сабз” бехатар буданро бас кард. Самаранокии танзими амрикоӣ ба шубҳа афтод.
Баъди омадани Барак Обама ба Кохи Сафед, тасмим гирифтанд, ки аскариҳои амрикоӣ аз Ироқ барованда шаванд. То тобистони соли 2010 ба ватани худ 90 000 сарбоз баргаштанд. Боз ҳам тақрибан 50 000 дар кишвар боқӣ мондааст. 31 август Обама ба мардум муроҷиат карда, дар бораи қатъи пурраи амалиёти низомии ИМА дар Ироқ эълон кард.
Оғози ҷанг дар Ироқ ва бохти Амрико: асли воқеа чӣ гуна буд?
Натиҷаи ҳайратангез
Муассисаҳои давлатдорӣ ва амниятӣ, ки ИМА дар Ироқ сохтан мехост, ба фикри Руслан Мамедов, имконнопазир гаштанд: “Ин сохторҳо ба таҳдидҳои берунӣ, ва ба таҳдидҳои дохилӣ ҳам тайёр набуданд. Тааҷҷубовар нест, ки баъд аз охири амалиёти амрикоӣ ва интихобот дар Ироқ, он замон сарвазир Нурӣ Ал-Моликӣ барои мутамарказонидани қудрат қадамҳои шадид гузошт, сиёсатмадорони номатлубро таъқиб кард, онҳоро ба фаъолияти террористӣ айбдор кард. Пас аз рафтани ИМА, ҳеҷ чиз ӯро боз намедошт, дар натиҷа қисми калони ҷомеаи Ироқ, хусусан сунниҳо, дар канор монда буданд”.
Лекин иштибоҳи асосии Вашингтон ҷангҷиёни сунни мебошад, ки ба амрикоиҳо дар мубориза бо гурӯҳҳои радикалӣ ёри медоданд. Бачаҳои ҷавон бо силоҳ хона ба хона рафтанд. Ин гурӯҳҳоро ба низоми амнияти умумӣ надароварданд, онҳо бе маош монданд, роҳбарон таъқиб карда шуданд", — гуфт Мамедов.
Хусусан аҳволи мушкили сунниҳо ба паҳншавии назарияти радикалӣ мусоидат кард. “Соли 2014 ҳама ба ҳолати шок афтоданд: “Давлати Исломӣ”(мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) шимолу ғарби кишварро забт кард ва ҳукумати Ироқ назорат аз болои нисфи сарзамини худро аз даст дод”, — мегӯяд Мамедов.
Дар натиҷа, Ироқ ДИ-ро мағлуб кард, аз ҷумла бо сабаби бозгашти амрикоиҳо. Аммо дар маҷмуъ, амалиёти ИМА-ро муваффақ номидан хеле муболиғавӣ мебошад, ишора кард коршинос.
То ҳол дақиқ маълум нест, ки чанд нафар ироқӣ дар давоми ҷанг фавтидаанд.
Ба нафъи Амрико ва тамоми дунё: Трамп неруҳояшро аз Олмон берун меорад
Тибқи иттилои расонаҳои амрикоӣ — аз 100 то 300 ҳазор. Ташкилоти умумии ҷаҳонӣ қайд мекунад, ки танҳо дар се соли аввал аз 150 то 223 ҳазор одам қурбонӣ шуданд. Ҳисобҳо мавҷуданд, ки то 700 ҳазор қатл кардашуда буданд.
Амрикоиҳо талафоти хеле хурдтар гирифтанд — тақрибан 4,5 ҳазор сарбоз кушта шуданд, 30 ҳазор маҷрӯҳ шуданд. Дар маҷмӯъ 1,5 миллион шаҳрвандони ИМА дар Ироқ хизмат кардаанд. Ин ҳуҷум ба андозасупорандагон беш аз 2 триллион доллар харҷ кард, аз ҷумла ҳамаи пардохтҳо ба собиқадорон ва оилаи онҳо.
Дар ИМА оид ба мувофиқи мақсад будани ин амалиёт ризоият вуҷуд надорад, қайд мекунад Виктория Журавлева, роҳбари барномаи тадқиқоти Амрикои Шимолӣ дар Институти иқтисоди ҷаҳони ва муносибатҳои байналмилалии Академияи Илмҳои Русия (ИМЭМО РАН).
“Сарфи назар аз мавҷуд набудани аслиҳаи қатли ом ва робитаҳои С. Ҳусейн бо “Ал-Қоида”, мавқеъ дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ ягона мебошад — ин қарор дуруст буд, аз ин нуқтаи назари таъсири равонӣ ба ҳар касе, ки ягон чиз мисли 11 сентябр фикр мекунад. Маъракаи интиқом муваффақ шуд”.
Ба ҳар ҳол, дар ҷомеа амалиёт дар Ироқ нолозим ва аз ҳад зиёд қабул карда мешавад. Хусусан пас аз нашри хотираҳо, ки Буш қарорашро дар таҳти фишор қабул кард, қайд мекунад Журавлёва.
Сафорати Русия дар Амрико гузориши Департаменти давлатиро оиди "таблиғот" шарҳ дод
“Албатта, онҳое ҳастанд, ки кайфияти давлатро дастгирӣ мекунанд: онҳо мегӯянд, ки ИМА ҳамавақт бояд роҳбарии худро тасдиқ кунад. Аммо кайфияти “синдроми Виетнам” бартарӣ дорад – танҳо амалиётҳои кӯтоҳ муваффақ ҳисоб мешаванд, агар онҳо кашида дароз мешаванд ва ИМА талафот гирад, ҷомеа ба ин хеле манфӣ рафтор мекунад”.
Бо вуҷуди ваъдаҳои Барак Обама ва Доналд Трамп, амрикоиҳо дар Бағдод боқӣ мондаанд. Ироқ барои Вашингтон муҳим аст. Ин давлат то ҳол гаравгони муқовимати ИМА ва Эрон мебошад. Кохи Сафед дари Ироқро кушода мемонад.