Дар Тоҷикистон роҳбарони сохтори навро эълон мекунанд

© PixabayПодпись документов
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Қарор аст, роҳбарони сохтори навтаъсиси Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар расман ба фаъолияти худ оғоз намоянд

ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани сардорони Агентии назорат дар соҳаи маориф дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар чанде пеш озмун доир шуда буд ва қарор аст, имрӯз натиҷаҳои он эълон ва роҳбарони ин сохтори навтаъсис расман шиносоӣ шаванд.

Шоҳин Саидзода, раиси Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Писари Нуриддин Саид раиси Агентӣ шуд: аз зикр дар "Диссернет" то нозири №1-и маориф

“Барои ишғоли вазифаи роҳбарии ин сохтор дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ озмун баргузор гардида буд. Дар озмун намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ширкат доштанд ва иштирокчиён ба суҳбат пазируфта шуда, аз онҳо ба ҷуз ҷавоби шифоҳӣ ба саволҳо ҳар яке диктант супорида буданд, ки имрӯз то пагоҳ натиҷаҳои он эълон карда шавад”, гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси фармони раисиҷумҳур дар моҳи феврали соли ҷорӣ таъсис дода шуд ва Саидзода Шоҳин, писари Нуриддин Саид, собиқ вазири маориф ва ҳоло раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон роҳбари ин ниҳоди давлатӣ таъйин гардид.

Ин сохтор дар заминаи пештара Хадамоти назорат дар соҳаи маориф таъсис дода шудааст.

Тағйирот: мардуми Тоҷикистонро аз 1 сентябр чӣ дигаргуниҳо интизор аст

Агентии назорат дар соҳаи маориф минбаъ ба иҷозатномадиҳӣ, назорати сифати таҳсилот, аттестатсия ва корҳои дигари назоратию машваратӣ дар бахши маориф машғул мешавад.

Лентаи хабарҳо
0