ДУШАНБЕ, 6 март - Sputnik. Бино ба итилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо як фармон Саидзода Шоҳинро ба раҳбарии ниҳоди навтаъсис таъйин кард.
Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи гузашта барои ташкили Агентии назорат дар соҳаи маориф ба Ҳукумат се моҳ муҳлат дода буд, то оиннома, сохтори марказию маҳаллӣ ва низоми идораи Агентии навтаъсисро таҳия ва пешниҳод кунад.
Номи Саидзода Шоҳин , қаблан ба далели зикри номаш дар "Диссернет" бо иттиҳоми асардуздӣ расонаӣ шуда буд. Ӯ феълан ба роҳбарии ниҳоде таъйин гардид, ки назорати бахши маорифро ба уҳда дорад.
Дар назар аст, ки ниҳоди нав ба иҷозатномадиҳӣ, назорати сифати таҳсилот, аттестатсия ва корҳои дигари назоратию машваратӣ дар бахши маориф машғул шавад.
Шоҳин Саидов, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, писари собиқ вазири маорифи кишвар ва ҳоло раиси Кумитаи телевизион ва радио мебошад, ки қаблан аз ҷониби пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шуд.
Дар пайи ин хабарҳо сару садоҳои зиёде дар ВАО сар зад ва соли гузашта Раҳматулло Мирбобоев, муовини вақти вазири маорифи Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон иттиҳоми асардуздӣ алайҳи Шоҳин Саидозода, писари Нуриддин Саид, вазири вақти маорифи кишварро шарҳ дода, гуфт, “Диссернет”, як созмони ҷамъиятӣ аст, ки на танҳо рисолаҳои олимони Тоҷикистон, балки дигар кишварҳоро ҳар сари вақт расонаӣ мекунад ва масъулини тоҷик онҳоро меомӯзанд, ки то чӣ андоза ба воқеият наздиканд.
Ӯ афзуд, баъди нашри маводи “Диссернет” Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон кори илмии Саидовро омӯхта, ба Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия пешниҳод кард. Ба гуфтаи Мирбобоев, Шӯрои диссертатсионӣ баъди омӯхтани рисола, онро ба Комиссияи олии аттестатсионии Русия пешниҳод намуд, вале то ҳол қарори мушаххас қабул нашудааст.
Ноиби аввали вазири маориф иттилоъ дод, ки Шоҳин Саидзода охири моҳи декабр ба ҷаласаи Шӯрои олии аттестатсионии Русия даъват шуд ва тавонист нишон диҳад, ки рисолааш дуздӣ нест. Дар пайи ин Шӯрои олии аттестатсионӣ ҷаласаро боз ба муҳлати дигар гузошта, интизор меравад, ки Шоҳин Саидзода дигарбора ба он даъват гардад.
Ба гуфтаи ноиби аввали вазири маориф, Шоҳин Саидов тавонист нишон диҳад, ки дуздӣ нест монандиҳо дар кори илмияш бо рисолаҳои дигарро ба монандӣ дар кодексҳои ҷиноии Тоҷикистону Русия рабт додааст. Ӯ изҳор доштааст, ин монандиҳо аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гирифта шудаанд, на аз рисолаи афроди дигар.
Мирбобоев дар хулоса таъкид намуд, ки кори илмии Шоҳин Саидов аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Русия бекор нашудааст ва ӯ бори дигар меравад исбот мекунад, ки мустақилона корро анҷом додааст.