ДУШАНБЕ, 25 авг— Sputnik. Тибқи омори хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз январ то июли соли 2020 ҳудуди 123 миллиону 600 ҳазор доллар барои воридоти мошин дар Тоҷикистон ҳазина шудааст, ки ин рақам дар муддати мушобеҳи соли гузашта 187 миллион доллар будааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Бар ин асос арзиши воридоти васоили нақлия ба тоҷикистон имсол 64 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Дар чор моҳ ба Тоҷикистон 3,5 ҳазор мошинҳои сабукрав ворид гардидааст
Бештари мошинҳои хориҷии Тоҷикистон аз кишварҳои ҳавзаи дарёии Балтика, Аврупо ва Осиё ба ин кишвар ворид мешавад.
Мерседес, Оpеl, Hyundai ва Тоyoта аз ҷумлаи мошинҳои маъмултарин дар байни мардуми Тоҷикистон мебошанд.