Афзоиши воридоти худравҳо ба Тоҷикистон

CC0 / Pixabay / Фара автомобиля, архивное фото
Фара автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ воридоти худравҳоро 64 дарсад, ё ба арзиши 2,6 миллион доллар афзоиш дод

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз оғози сол то ба ҳол ба кишвар беш аз 7,3 ҳазор худрав ба арзиши беш аз 60,1 миллион доллар ворид шудааст, навиштааст хабаргузории ТоҷикТА.

Авторынок в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар чор моҳ ба Тоҷикистон 3,5 ҳазор мошинҳои сабукрав ворид гардидааст

Соли гузашта дар ин муддат беш аз 4,6 ҳазор худравба ҷумҳурӣ интиқол ёфта буд. Он замон арзиши мошинҳои воридгаштаро беш аз 36 миллион доллар баровард кардаанд.

Тоҷикистон аз кишварҳои Балтика ва Аврупо худравҳои сабук ворид мекунад. Худравҳои боркаш ва калон асосан аз Чин ворид мешавад.

Воридоти худравҳо ба Тоҷикистон 15 дарсад афзудааст

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта воридоти худравҳои тавлиди то соли 2005-ро мамнӯъ кард. Ин мамнӯият аз 15 феврали соли 2018 ба иҷро даромад.

Лентаи хабарҳо
0