“Дайҷест – пресс” – и Акбари Саттор соҳиби нав ёфт-акс

© Sputnik / Стас ЭтвешГазеты в Таджикистане
Газеты в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Дайҷест – пресс”, серхонандатарин нашрияи мустақили 30 соли ахир, молики нав ёфт ва чопи худро аз сар гирифт

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сироҷиддин Иззатуллоев, сармуҳаррири нави “Дайҷест – пресс” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳафтанома, ки ба гуруҳи расонаҳои “Чархи гардун” тааллуқ дошт, аз сӯи ширкати “Оростафар” харидорӣ шуда, пас аз танаффуси чандмоҳа дубора рӯи чопро дид.

Таджикские газеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи матбуоти тоҷик: сууди “давлатиҳо” ва суқути “ғайридавлатиҳо”

“Охирин шумораи “Дайҷест – пресс” аз сӯи гуруҳи расонаҳои “Чархи гардун” 29 апрели соли 2020 ба нашр расида, ба далоили маълум, қабл аз ҳама, густариши “вируси корона” дbгар чоп нашуд. Шумораи ҷадиди он бо 1000 нусха 19 августи соли равон ба дасти хонандагон хоҳад расид”, - гуфт Сироҷиддин Иззатуллоев.

“Дайҷест – пресс”, яке аз аввалин нашрияҳои серхаридори даврони истиқлоли Тоҷикистон аст, ки аввалин шуморааш 18 ноябри соли 1994 аз чоп баромада буд. Он солҳо ин ҳафтанома ба теъдоди 60 ҳазор нусха нашр мешуд, ки баландтарин рақам тайи 30 соли ахир ба ҳисоб меравад.

Сардабири “Дайҷест – пресс” далели муваффақият ва серхонандагии ҳафтаномаро дар вижагии он арзёбӣ мекунад, ки чаҳоряк аср ба ин сӯ муҳимтарин ва ҷолибтарин матолиби расонаҳои ҷаҳонро барои хонандагон дар Тоҷикистон ҷамъ оварда, пешниҳод мекунад.

© SputnikНашрияи "Дайҷест пресс"-и Тоҷикистон
“Дайҷест – пресс” – и Акбари Саттор соҳиби нав ёфт-акс - Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи "Дайҷест пресс"-и Тоҷикистон

“Дар ҷаҳон садҳо ҳазор расона вуҷуд доранд. Хондан, аз назар гузарондан ва шунидану дидани тамоми расонаҳои ҷаҳон аз лиҳози ҷисмонӣ имконнопазир аст”, - гуфт Сироҷиддин Иззатуллоев.

Газеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таъсиси чаҳор ҷоизаи нав ва як бурс барои хабарнигорон

“Дайҷест – пресс” аввалин нашрияи Гуруҳи расонаҳои “Чархи гардун” ба шумор меравад, ки аз сӯи рӯзноманигори маъруф Акбари Саттор таъсис ёфта буд. Дар пайи он нашрияҳои ҳамагоние, назири “Чархи гардун”, “Авиценна”, “Вечерний Душанбе”, “Аладдин”, “Анушервон”, “ВиД”, “Зан ва мард», “Женщина и мужчина» ва ғайра ба ин хонавода пайвастанд, ки молик ва асосгузори онҳоро ба яке аз магнатҳои расонаии Тоҷикистон табдил дод.

САҲА аз Тоҷикистон хост, 14 журналист аз феҳристи сиёҳ бароварда шавад

Пас аз марги Акбари Саттор дар моҳи августи соли 2015 раҳбарии гуруҳи расонаҳои “Чархи гардун” ба ҳамсари ӯ Шаҳло Хоҷаева гузашт. Дар бораи ширкати “Оростафар”, молики ҷадиди “Дайҷест – пресс” маълумоти зиёд вуҷуд надорад. Аммо Сироҷиддин Иззатуллоев, сардабири он дар муҳити расонаӣ як фарди ношинохта нест. Ӯ солҳои зиёд дар нашрияи “Кулябская правда” ва сипас шӯъбаи иттилооти дастгоҳи Президенти Тоҷикистон кор карда, чор сол сардабири “Народная газета”, нашрияи русии ҳукумати Тоҷикистон буд.

Лентаи хабарҳо
0