Рӯзи матбуоти тоҷик: сууди “давлатиҳо” ва суқути “ғайридавлатиҳо”

© Sputnik / Стас ЭтвешТаджикские газеты, архивное фото
Таджикские газеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи матбуоти тоҷик ҳар 11 март, рӯзи нашри аввалин шумораи “Бухорои шариф” - аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар аморати Бухоро, аз соли 1994 ба ин сӯ ҷашн гирифта мешавад

ДУШАНБЕ, 13 март – Sputnik, Фахриддини Холбек. Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март аз интиқодҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъ ва бо маросими бошукӯҳи тақдими ҷоизаву шеъру таронаву рақс дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба анҷом расид.

Нусратулло Маҳмадзода  сардори маркази матбуоти  ВУД Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Сардор Маҳмадзода: сухангӯи нави ВКД кист?

Даҳони ҷомеаи рӯзноманигориро намешавад баст, бахусус вақте мавзуъ ба худи онҳо рабт мегирад. Аввалин интиқодҳо аз таҷлили Иди матбуоти тоҷик ин буд, ки бархе рӯзноманигорон гуфтанд, эҳсоси идро надоранд.

"Омодагӣ ба Иди картошка беҳтар буд"

Яке ҳам ишораи бонамаке кард, ки “ба “Иди харбуза” – ву “Иди картошка” ҳафтаҳо омодагӣ мегиранд, аммо ҳатто дар рӯзи Иди матбуот эҳсос намешавад, ки оё омодагие ба иде ҳаст ё хайр? “Рӯзноманигорон ба интиқоди ҳама касу ҳама чиз мерасанд, аммо ба худ на” – навишт якеи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Рӯзи матбуоти тоҷик ҳар 11 март, рӯзи нашри аввалин шумораи “Бухорои шариф” - аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар аморати Бухоро, аз соли 1994 ба ин сӯ ҷашн гирифта мешавад. Бо мунтақидоне, ки мегӯяд, сол ба сол аз шукуҳу шаҳомати ин ид мекоҳад, намешавад то ҷое розӣ нашуд.

Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев на саммите ШОС в Китае - Sputnik Тоҷикистон
“Оинаи ҷомиа”: сипосгузории Мирзиёев аз ВАО-и Узбакистон

Дар гузашта дар ҳамоиши таҷлил аз ин рӯз мақомоти баландпоя ҳузур меёфтанд ва макони баргузории он ҳам фарқ мекард. Ба гунаи мисол, соли 1996 Рӯзи матбуоти тоҷик бо ширкати Бозгул Додихудоева, муовини сарвазир, Абдулмаҷид Достиев, муовини раиси парлумон, Бобохон Маҳмадов, вазири фарҳанг ва Иброҳим Усмонов, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти парлумони Тоҷикистон дар Театри Лоҳутии Душанбе бо як шукуҳу тантана ва дар сатҳи баланд баргузор шуда буд.

Замоне: аз Достиев то худи Раҳмон дар Иди матбуот

Аҳамияти ин ҷашн ба ин ҷо расид, ки дар ҷашни 100 – солагии “Бухорои шариф” шахсан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ ширкату суханронӣ кард ва ба ҳудуди 100 рӯзноманигор унвону ҷоиза дод. Маъракаи асосӣ ҳам дар Театри опера ва балети Тоҷикистон бо ширкати мақомоту доираи васеъи аҳли қаламу фарҳанг баргузор шуд. Дар сатҳи поёнӣ низ ин рӯз ба таври густарда бо нашри шумораҳои вижаву чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ миёни рӯзноманигорон таҷлил мешуд. Дар гузашта ба ҷуз вазорати фарҳанг, ниҳоди масъули соҳаи матбуот, вазоратҳову кумитаҳои дигари ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои байнулмилаливу хориҷӣ низ дар таҷлили ин ҷашн саҳм мегирифтанд ва ҳатто ҷоизаҳои худро барои рӯзноманигорон таъсис дода буданд.

Ҳоло зоҳиран Рӯзи матбуоти тоҷик, ҳарчанд дар толори хурдтар – Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, ки тақрибан 200 ҷойи нишаст дошт, хилофи интиқодҳо на камтар аз идҳои картошкаву харбуза таҷлил шуд. Аз суханрониҳои масъулин бармеояд, ки ҳамоно ҳукумат умедҳояшро аз матбуот накандааст. Нахуст дар саҳни Театри ҷавонон шеър буду таронаву рақс. Сипас ҳозирин вориди толор мешаванд ва на ҳама мегунҷанд. Эҳтимолан ҳузури ин анбуҳро дастандаркорон низ пешбинӣ намекарданд.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон қарори барканории Салимӣ, ташаббускори унвони "Пешвои миллат"-ро имзо кард

Субҳони Ҷалил, рӯзноманигор ва ровии маъруфи радиои “Ватан”, ки ба қавле, ҳар субҳ мардуми Душанберо бо барномаи мустақимаш бедор мекунад, ҷаласаро ифтитоҳ кард ва аввал суханро ба Масрур Абдуллозода, аз дафтари мушовири президент дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дод. Абдуллозода суҳбатро аз “Бухорои Шариф”, аввалин нашрияи тоҷикӣ оғоз кард, ки дар Аморати Бухоро солҳои 1912 – 1913 ҳамагӣ 153 шумора нашр шуд, аммо номи худро дар таърих ҷовидона кард. Воқеан, ишораи хубе дар бораи як нашрияи муваффақ.

Ӯ суханронии кӯтоҳи худро бо иқтибос аз президент Эмомалӣ Раҳмон ба охир расонд, ки 19 феврали соли 2019 дар як мулоқоти хосу бесобиқа ба рӯзноманигорон гуфта буд: “Касе иттилоотро идора мекунад, ҷаҳонро идора мекунад. Васоити ахбори умум чӣ ҳукумативу чӣ мустақил мисли ду боли муқтадир буда, дар назди ватан ва ҷомеа баробар бори масъулият мекашанд”.

Профессор Асадулло Садуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Мактабе дар шаҳри Ваҳдат ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев гузошта шуд

Суханҳое ҳам аз ин қабил Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки навбати суханро гирифт, низ баён кард. Вай гуфт, ВАО – и кишвар роҳи “Бухорои шариф” – ро идома медиҳанд ва дар таҳкими истиқлолияту давлатдорӣ, сулҳу субот, ваҳдату худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву инсондӯстӣ саҳм мегиранд.

Дар идома нуктаи дигари ҷолиб ҳам аз сӯи худи ровӣ - Субҳони Ҷалил зикр шуд. Вай гуфт, “ҳамарӯза беш аз пеш эҳсос мешавад, ки нақши ВАО дар ҳаёти ҷомеа бузургтар мешавад”. Бале, баҳсе нест ва кош чунин бошад.

Рӯзноманигороне, ки моро тарк карданд

Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистон ва ҳам мудири Академияи ВАО - и Тоҷикистон бо як иқдоме рафти ҷаласаро тағйир дод. Ӯ дар оғоз аз ҳозирин хост як дақиқа ба хотири гиромидошти рӯзноманигороне, ки тайи як сол ба ҳақ пайвастаанд - Султон Ҳамад, Субҳон Кошонов, Усмон Солеҳ, Назокати Сафар, Зайниддин Арбобов, Турко Дикаев, Ниёз Маликов, Мурод Сотиев ва Валиҷон Баёнӣ – сукут ихтиёр кунанд.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба “Фараж”: бе иҷозати ман аксамро чоп накунед, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида мешавед

Раиси Иттифоқи журналистон дар қиёс бо дигарон боҷуръаттар суҳбат кард. Вай гуфт, рисолати журналист хизмат ба миллат, аудитория, хонанда, шунаванда ва бинанда аст. “Вай ғараз надорад, мақсад дорад. Бояд мушкилоти ҷомеаро ошкор ва матраҳ кунад. Мо аз ҷониби худ барои ба вуҷуд овардани фазои иттилоотӣ ва рақобатпазирии расонаҳо саъю талош мекунем. Ҳама як ҳадаф дорем: ободӣ, осоиш ва пешрафти кишвар!, - гуфт Исмоилзода.

Ӯ дар идома аз президент Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овард, ки “ВАО сипари боэътимоди ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст”.

Дар ин мақтаъи ҷаласа чанд оҳангу тарона пешниҳоди ҳозирин шуд ва ҳамин тавр, қисмати асосии ҳамоиш – эълони афроде, ки бо тӯҳфаву сипоснома ва унвону ҷоизаҳо тақдир мешаванд, фаро расид.

Оғози ҷоизасупорӣ

Дар оғоз собиқадорони ВАО – и Тоҷикистон - Сироншо Диловаров, Раҷаби Мардон, Расул Шарипов, Нур Табаров ва Гулчеҳра Фозиловаи 70 - сола, ки 50 соли умри худро ба матбуот бахшидааст, бо тӯҳфаҳои хоси Иттиҳоди журналистону вазорати фарҳанг қадрдонӣ шуданд.

Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон
Қосим Роҳбар боз дар нишасти матбуотӣ ҳузур надошт: сабаб иҷрои супоришҳо будааст

Унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон ба Латофати Насриддин, муовини вазири маориф ва илм, Дилшод Амиров – аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Идигул Раҷабова – “Радиои Тоҷикистон”, Мирзосафар Тошбеков, - аз “Набзи “Тоҷикматлубот”, Абдуҳамид Олимов, мудири кафедраи журналистикаи ватанӣ ва байнулмилалии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дода шуд.

Сипосномаҳои вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Ҷумҳурият”, “Народная газета”, “Халқ овози”, ки ҳамагӣ рӯзномаҳои ҳукуматиянд, “Минбари халқ” - нашрияи Ҳизби халқӣ – демократӣ, “Садои мардум” – нашрияи Маҷлиси олии Тоҷикистон ва ҳам нашриёти давлатии “Адиб” расид.

Эълони журналисту расонаҳои сол

Сипас, Зиннатуллоҳ Исмоилов натиҷаи пурсишномаи Иттиҳоди журналистон ва Академияи ВАО- и Тоҷикистонро эълон кард, ки ба қавли ӯ, миёни 178 роҳбари созмонҳои гуногуни журналистӣ, коршиносон, бинандагон, шунавандагон ва хонандагон қабл аз Рӯзи матбуот баргузор ва барандагон дар 11 номинатсия маълум шудаанд.

Кохи Навруз в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Аз "Кохи Наврӯз" то "Боғи Рӯдакӣ": экскурсияи ёвари Раҳмон барои хабарнигорони хориҷӣ

Ҳамин тавр, “Нашрияи сол” - “Ҷумҳурият”, “Телевизиони сол” - “Синамо”, “Радиои сол” - “Ватан”, “Агентии иттилоотии сол” - “Авеста”, “Маркази матбуотии сол” - Маркази матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, “Сармуҳаррири сол” - Бахтиёр Ҳамдамов аз “Минбари халқ”, “Маҷаллаи сол” - “Бонувони Тоҷикистон”, “Коршиноси сол” – Абдуллоҳи Раҳнамо, мушовири Маркази таҳқиқоти стратагии назди президенти Тоҷикистон, “Рӯзномаи соҳавии сол” – “Омӯзгор”, “Ношири сол” – нашриёти “Адиб”, “Журналисти сол” – марҳум Валиҷон Баёнӣ интихоб гардиданд.

Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутиро кӣ гирифт?

Барандагони ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба сардори маркази матбуоти вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода - дар соҳаи матбуот, директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои “Мир” Вера Исмоилова - дар бахши телевизион ва сармуҳаррири Радиои “Овози тоҷик” Фазилат Иброҳимова - дар бахши радио дода шуд.

Запрещенный доступ - Sputnik Тоҷикистон
Хоҳишҳои Аврупо аз Тоҷикистон дар бораи Ёров, сайтҳо ва банди нав дар Кодекси ҷиноӣ

Аммо раиси Иттифоқи журналистон гуфт, ки комиссияи ҷоиза ба ин далел, ки нафари арзанда пайдо нашудааст, натавонистааст барандаи номинатсия дар соҳаи таҳқиқу пажӯҳишҳои соҳаи журналистикаро маълум кунад.

Ҳисобукитоби давлатию ғайридавлатиҳо

Ҳамин тавр, ба ҷуз радиои “Ватан”, агентии иттилоотии “Авеста” ва телевизиони “Мир” аксари кулли тӯҳфаву сипоснома ва унвону ҷоизаҳо ба нашрияву кормандони ВАО – и давлатӣ расид.

Нашрияву агентиҳои “Азия – плюс” ва “Фараж” аз ин ҳама дар канор монданд. Сомонаҳои ин ду ҳам қариб як сол ба ин сӯ масдуданд. Тибқи иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, то 1 январи соли 2019 дар кишвар 376 рӯзнома, аз ҷумла  264 ғайридавлатӣ, 245 маҷалла, аз ҷумла 114 ғайридавлатӣ, 319 чопхона - 37 ғайридавлатӣ, 71 нашриёт - 61 ғайридавлатӣ, 11 агентии хабарӣ, аз ҷумла 10 ғайридавлатӣ расман сабти ном шудаанд.

Шояд ин ҷо суханони президентро ба хотир орем, ки гуфта буд, “васоити ахбори умум чӣ ҳукумативу чӣ мустақил мисли ду боли муқтадир буда, дар назди ватан ва ҷомеа баробар бори масъулият мекашанд”.

Лентаи хабарҳо
0