Таъсиси чаҳор ҷоизаи нав ва як бурс барои хабарнигорон

© Sputnik / © SputnikГазеты, архивное фото
Газеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик фарохони ҷоизаҳои хабарнигории худро эълом мекунад

ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Тавре Раёсати Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик хабар медиҳад, кунгура бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорону блогнависон, беҳбуди вазъи озодии баён, посдошти арзишҳои рӯзноманигорӣ, боло бурдани сатҳи маҳорати ҳирфаӣ, нигаҳдошти ахлоқи рӯзноманигорӣ ва шарофати қаламу озодии баёну матбуот ҷоизаҳои мазкурро созмон додааст.

Чаҳор ҷоизаи кунгура - Бунёгузор, Ҷасорат, Садоқат ва Наҷобат ба ёди бузургони тоҷик ташкил шудааст.

"Бунёдгузор, барои бунёдгузорони тарҳ ва ниҳодҳои таҳкимбахши озодии баёну андеша. Ҷоиза ба ёди Шириншоҳ Шоҳтемур, ки нишони сарисинагӣ ва баргаи ифтихор дорад. Ҷасорат, барои мавзеъгирии устувор ва фаъолияти густурда дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи башар тақдим мешавад ва ба ёди Бӯринисо Бердиева ташкил шудааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Таджикский поэт Озар Салим - Sputnik Тоҷикистон
Ба Озар Салим дар Афғонистон ҷоиза доданд

Ҷоизаи Садоқат ба ёди Шарифамоҳ Кишвардухт ва "Наҷобат" ба ёди рӯзноманигори номи Акбари Саттор ташкил шудааст.

Ҷоизҳо ба расонанигорон ва блогнависоне дода мешавад, ки дар лаҳзаҳои ҳассос ва мушкили фаъолият арзишҳои хабарнигорӣ ва хидмат ба ҷомеаро пос медоранд. 

Ҳадаф аз эҳдои ин ҷоизаҳо, ки нишон, баргаи ифтихор ва аз 3 то 5 ҳазор подоши нақдӣ доранд, ташвиқу тарғиб ва бузургдошти озодиву ҷасорату падид овардани осори арзишманд аст. Асосномаҳои ин ҷоизаҳо дар матбуот нашр хоҳанд шуд. Ин ҷоизаҳо як бор дар сол, дар Рӯзи озодии баён тақдим карда хоҳанд шуд.

Шаҳрвандон, идораҳои расонаҳои ҳамагонӣ ва созмонҳои иҷтимоъӣ метавонанд номзадҳои худро ҳамасола ҳаддаксар то 20-уми март, дар остонаи ҷашни Наврӯз ба нишонии Кунгура ирсол кунанд. Мудири иҷроияи Кунгура муваззаф аст, ки арз ва осори ирояшударо ҷамъоварӣ карда, дар ихтиёри ҳайъати доварон қарор бидиҳад, ки аз ҳафт нафар аз чеҳраҳои саршинос бо шумули ду узви раёсати Кунгура иборат аст.

Ҳамчунин Раёсати Кунгура қарор тасвиб кард, ки барои ҷой додани номи 73 тан аз рӯзноманигорони кушташудаи тоҷикистонӣ дар Нюзеум (Музеи хабару рӯзноманигорӣ дар Вашингтон) бурсияи 10 ҳазор сомонӣ таъсис диҳад. Пажӯҳишгарони масоили расонаҳо, рӯзноманигорон, вебнависҳо ва созмонҳо метавонанд аз ин бурсия баҳра баранд.

Лентаи хабарҳо
0